Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли гуфтушуниди Амрико бо Эрон


Кондолиза Райс, вазири умури хориҷа мегӯяд, ки Амрико ва Ироқ ба нишасти амниятие, ки моҳи оянда дар Ироқ баргузор мешавад, Эрону Сурияро даъват кардаанд. Кондолиза Райс рӯзи сешанбе ҳангоми ҳузур дар сенати Амрико гуфт, умедворанд, ки тамоми он ҳукуматҳо бо истифода аз ин фурсат, равобити худ бо Ироқро беҳбуд мебахшанд ва барои сулҳу субот дар минтақа кор мекунанд.


Қарор аст, ин нишаст миёнаҳои моҳи март бо ширкати мақомоти вазоратҳои умури хориҷа баргузор шавад. Вазорати умури хориҷаи Бритониё бо истиқбол аз ин тасмими Ироқу Амрико гуфтааст, ки барои муввафақ анҷомидани ин нишаст кӯмак мекунад.


Ва дар ҳамин ҳол, пулиси Ироқ мегӯяд, ки бар асари инфиҷори як бомб ҳаждаҳ нафар ва аксаран кӯдакон дар шаҳри Рамодӣ кушта шуданд. Пеш аз ин дар шаҳри Мосул инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар идораи пулис, сабаби марги 6 афсари пулис шуд.


Рӯзи сешанбе Бағдод низ шоҳиди бомбгузорӣ буд, ки дар ин ҷо дар маҷмӯъ даҳ нафар ҷони худро аз даст доданд. Ва низомиёни Амрико гуфтанд, ки дар шимоли ғарби Бағдод бар асари таркиши бомбе, ки канори роҳ ҷосозӣ шуда буд, се сарбозашонро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG