Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Багром ба Чейни сӯиқасд карданд


Бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар назди фурӯдгоҳи ҳавоии Багроми Афғонистон, ки муовини раиси ҷумҳури Амрико Дик Чейнӣ қарор дошт, чандин нафар кушта шудаанд.


Доир ба теъдоди қурбониён гузоришҳо мухталифанд. Дафтари раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай мегӯяд, ки бар асари ҳамла 23 нафар кушта шуданд, аммо хабарнигорони ғарбӣ мегӯянд, ки ҷасади беш аз 12 нафарро дидаанд.


Дик Чейнӣ аз маҳалли таркиш дур буда ва ҳеҷ осебе надидааст. Ӯ пас аз мулоқот бо Ҳомиди Карзай ба Амрико бозгаштааст. Ҳангоми дидор Дик Чейнӣ гуфтааст, кишвараш ҳамчунон барои тақвияти нерӯҳои интизомии Афғонистон ва маҳви Толибон талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG