Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳамла ба шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифт. Афроди ношинос ба гардан ва ишками ӯ чанд корд заданд. Табибон вазъи шаҳрванди Тоҷикистон сангин арзёбӣ кардаанд. Бархе аз расонаҳои Русия навиштаанд, ки ин ҳамла аз сӯи миллатгароёни рус сурат гирифтааст. Муҳаммад Эгамзод - раиси дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия ба мо гуфт:

Азбаски сафорати Тоҷикистон дар Санкт Петербург бахши консулгарӣ надорад, субҳи имрӯз раҳбари консулгарии сафорат Тоҳир Аҳмадов аз раиси ҷамъияти тоҷикон дар Санкт-Петербург Назар Мирзода хоҳиш кард, ки чӣ гуна рух додани ин ҳодисаро мушаххас кунад. Тибқи иттилоъе, ки сафорат феълан зери даст дорад, додситонии Санкт Петербург дар баробари ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.Гумон мекунем, ки дар наздиктарин фурсат ному насаби ҷабрдида ва бо кадом сабаб мавриди ҳамла қарор гирифтани ӯро рушан хоҳем кард

Бори аввал нест, ки дар Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегиранд. Куштор ваё лату кӯби тоҷиконе, ки дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекунанд, қариб ҳар моҳ рух медиҳад. Се сол пеш дар "пойтахти фарҳанги"-и Русия духтараки тоҷик Хуршеда Султонова аз сӯи гурӯҳи миллатгароҳои рус ваҳшиёна ба қатл расида буд. Онҳо ба бадани духтараки хурдсол 11 корд зада буданд.
XS
SM
MD
LG