Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Ҳейг Сербистонро "сафед" кард


Дар ҷангҳои солҳои 1992-95 дар Серебренитса сербҳои Босния ҳудуди 8 ҳазор мусулмонро ба қатл расонданд. Босния барои ин қатли ом ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят бурд. Баъд аз расидагиҳои тулонӣ рузи душанбе додгоҳи байналмилалӣ гуфт, ки дар солҳои ҷанг сербҳои Босния ба режими Белград-пойтахти Сербистон итоъат намекарданд. Розалин Ҳиггинз-қозии додгоҳи Ҳейг ҳангоми эълони ҳукми додгоҳ чунин гуфт:


"Додгоҳ нахуст ин нуктаро эълон медорад, ки куштори Серебреннитса дар қаламрави зери масъулияти Сербистон анҷом нагирифтааст. Инро кумисиюни созмонёфта муайан кард. Аз ин ҳукм ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки кишвари айбдоршаванда наметавонад ба муҷозот кашонда шавад, зеро дар куштори Серебреннитса даст надоштааст".

Мусулмонони Босния ва раҳбарони Хорватия аз ин тасмими додгоҳи Ҳейг чандон розӣ ба назар намерасанд, зеро ба назари онҳо масъулияти қатли ом бо ин тасмим аз души Сербистон соқит шудааст. Бар ҷараёни мурофиаи додгоҳи Ҳейг ҳам дар Сербистон ва ҳам дар Босния назорат мекарданд. Дар назди додгоҳи Ҳейг гуруҳе ҷамъ омада буд, ки аз мавзеъгирии Босния ҷонибдорӣ мекард. Вақте, ки тасими додгоҳ эълон шуд, онҳо ба нишонаи эътироз "Сербия, генотсид, Сербия генотсид" шиъор медоданд.


Босния ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят бурда буд, ки Сербистон дар солҳои раёсати ҷумҳурии Слободан Милошевич ба сербҳои Бонсия кумаки молӣ мерасонд ва онҳоро ташвиқ мекард, ки бар зидди мусулмонони Босния ва Хорватия амалиёти поксозии нажодӣ пеш баранд.

Дар асл парвандае, ки он вақт ба додгоҳи Ҳейг фиристода шуд, ба давлате бо номи Сербия-Монтенегро таъаллуқ мегирифт ва ҳоло чунин давлат вуҷуд надорад. Аз як соли пеш Сербистон меросбари ин давлат дониста мешавад, бино бар ин ин кишвар дар додгоҳ аз худ дифоъ мекард. Агар Сербистон барои ин куштор гунаҳгор дониста мешуд, дар он сурат маҷбур буд ғиромати ин куштор ё ҷангро бипардозад.


Маҳофили байналмилалӣ низ аз тасими додгоҳи Ҳейг дар мавриди парвандаи қатли оми Серебреннитса пазироӣ карданд. Ҳавиер Солана -масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки Сербистон барои ин қатли ом мустақиман масъулият надорад:


"Мо ин ҳукмро қабул мекунем. Ба он шаке нест. Мо фикр мекунем, ки ин ҳукм ба бастани сафҳаи шигифтангез ва ҳодисаи дардовари торихӣ асос мешавад, ҳодисае, ки ба одамони зиёд зарар расонд"

Борис Тадич-раиси ҷумҳури Сербистон низ аз ин тасмими додгоҳ истиқбол кард ва аз порламони кишвараш хост, ки ба таври расмӣ куштори солҳои 1992 -95-ро маҳкум кунанд:


"Яке аз бахшҳои ҷиддии ин тасмим он аст, ки Сербистон натавонистааст, тибқи қонунҳои байналмилалӣ аз куштори соли 1995-и Серебреннитса ҷилагирӣ кунад. Вале ин нукта муҳим аст, ки порлмани Сербистон ҳар чӣ зудтар эъломияеро ба тасвиб мерасонад ва ин ҷиноятро маҳкум мекунад".


Дар ҳамин ҳол, Милорад Додик-нахуствазири Сербистон, ки сербтабори Босния мебошад, аз хонаводаи ононе, ки дар ин ҷанг бастагони худро аз даст додаанд, узр хост:


"Албатта, аз номи ҷумҳурии Сербистон, аз номи раиси ҷумҳурии Сербистон, ки ин ҷост, аз номи ҳама шаҳрвандон аз ононе, ки бастагони худро аз даст доданд, узр мехоҳам. Вале мо интизорем, ки дагарон ҳам ҳамин корро кунанд, зеро одамони зиёде аз тарафи мо ҳам кушта шуданд. Бисёриҳо аз пайомадҳои ин ҷанг заҷр мекашанд. Ҳоло ҳар чӣ буд, гузашт".

Дар тасмими додгоҳи Ҳейг омадааст, ки Сербистон аз нуфузи худ дар миёни сербҳои Босния истифода накардааст, то ин кушторро боздорад. Додгоҳ ҳамчунин аз Сербистон хостааст, ки ҷинояткори ин ҷанг генерали сербтабори Босния Радко Младич ба додгоҳ супурда шавад.
XS
SM
MD
LG