Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳои "нарм"


Ҳар иттилоъе ки амдан ва ё беихтиёр мегирем, ба мо таъсири муайян хоҳад дошт. Гоҳе таъсири дарозмуддат ва гоҳе яклаҳзагӣ. Хабарҳоеро монанди таъоми дӯстдошта ҷустуҷӯ хоҳем кард ва ё расидани бархе аз онҳо монанди дидори деринтизори шахси азиз аст.

Масалан, "Урра, барқ омад!"
"Лимит бекор шуд!"
"Орд арзон шудааст."
ва монанди инҳо...


Ин ҷо ман танаффус мекунам ва аз ҳамнафасони азизам, ки борҳо хабарҳои таркишу ҳалокати инсонҳоро бо садои онҳо шунидаед, хоҳиш мекунам, паси садобар биншинанд ва хабарҳои дигареро бароятон қисса кунанд:

ҚОЧОҚИ ХОКУ РЕГ

Нирӯҳои дарёии Индунезӣ рӯзи 21-уми феврал гурӯҳеро боздошт карданд, ки дар се қоиқ ва чаҳор амад мехостанд, хоки индунезиро ба Сингапур қочоқ кунанд. Хабаргузории давлатии Антараи Индунезӣ мегӯяд, дар ин амалиёт даҳҳо нафар боздошт ва 10 ҳазор метри мукааб хок мусодира гардид.

Қочоқбарон шабона аз соҳилҳои ҷазираи Риаю ин миқдор хоку регро ба киштиҳои худ бор карда, мехостанд, ноаён ба Сингапур расонанд.

Кишварҳои ҷазирагии Индунезӣ ва Сингапур аз камбуди хок азият мекашанд ва аввали имсол Индунезӣ судури хокро ба Сингопур манъ кардааст.

Дар ин муддат бори дуввум аст, нирӯҳои дарёии индунезӣ дуздони хокро боздошт мекунад. Сингопур шикоят дорад, ки ба сабаби нарасидани хоку рег, сохтмони биноҳои баландошёна ва иншооти саноъатии он ба таъхир афтодааст.

ҶАЗИРАИ "БИҲИШТИ ЗАНОН"

Эрон мехоҳад, яке аз ҷазираҳои кӯли бузурги Урумияро дар марз бо Туркия ба биҳишти занони сайёҳ табдил диҳад. Ба иттилоъи матбуоти Эрон, мардҳо ба ин ҷазира роҳ дода нахоҳанд шуд.

Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, раҳбарон ва хидматгузорони меҳмонсаро ва тарабхонаҳо ҳамагӣ занон хоҳанд буд. Сокинон ва меҳмонони ҷазира дар ин ҷо метавонанд, бидуни чодар сайругашт кунанд, дар соҳилҳо офтоб бихӯранд.

Намояндаи маҳаллии раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфтааст, иҷозаи ташкили ҷазираҳои бидуни мард дода шуд, зеро чунин як чиз хилофи шариати исломӣ нест.

ФИЛМИ ЛАТРА

Сарони ҷашнвораи синамои Канн аз коргардони саршиноси ҷопонӣ Такешӣ Китано хостанд, ба муносибати 60-солагии ин ҷашнвора ба таври пинҳонӣ як филми седақиқаӣ ба навор гирад. Мавзӯъ -- "ҳаракат -- акс -- намоиш".

Дертар маълум шуд, ки айни чунин супориш ба 35 коргардони дигар низ дода шудааст. Ба монанди Вим Вендерси олмонӣ, Роман Поланскии лаҳистонӣ, Кен Лочи бритонӣ, Жанг Йи муи чиноӣ ва ғайра.

Қарор аст, аз ҷамъи ин филмҳо як филми томе сохта шуда, бистуми май дар худи ҷашнвора ба намоиш ояд.
Китано мегӯяд, шарт ин аст, ки бояд ҳеч кас тафсилоти филим худро ифшо накунад. Вале то ҳол маълум шудааст, ки Вендерс дар Конго ва Тсай Минг Лянг дар куала Лумпур наворбардорӣ мекунанду мавзӯъи филми Дейвид Кроненберг ҳоҷатхонаҳост.

Мавзӯъи дӯстдоштаи Китано ҷаҳони нонамоёни Токио, ҳаёти оворагон ва бехонаҳост. Вай барандаи ҷоизаи ҷашнвораи Венетсия буда, солҳои 1993, 96 ва 99 дар ҷашнвораи Кан ширкат кардааст.

КОР, ЗАН ВА ЗЕБОӢ

Аз ҳар 10 зани кореягӣ ҳашт нафаршон бовар доранд, ки барои намуди беҳтар ба ҷарроҳии зебоӣ ниёзманданд.
Дар як назарсанҷӣ бо ширкати 810 бонуи кореягии 18 сола ва аз ин син боло 78 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ба чунин ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд. Танҳо ду дарсад чунин заруратро рад карда, 20 дарсад онро як кори беақлона номидаанд.

Наздик ба 70 дарсади посухдиҳандагон гуфтаанд, ин ҷарроҳӣ ба онҳо имкон хоҳад дод, ҷойи хуби кор пайдо кунанд. Бақия гуфтаанд, чеҳраи зеборо барои издивоҷ мехоҳанд.
Ҳамаи ин арқомро як донишҷӯи бахши ҷомеашиносии Донишгоҳи Куюнг Ҳӣ дар ҷараёни таҳқиқ кашф карда, хабаргузории Йонҳапи онҳоро пахш намуд.

Ва аз ҳама аҷибаш, як ҳафта баъд аз нашри ин натиҷаҳо ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ фармон дод, ҳангоми қабули асноди бонувони дар ҷустуҷӯи кор, ҳамроҳ будани акси онҳо ба ин аснод ҳатмӣ нест ва талаб кардани акси бонувони ҷӯяндаи кор аз тарафи раҳбарон манъ аст.

ПОЁНСУХАН

Хабарҳои ҷолиб, на? Мефаҳмему шояд лабханд мезанем, ки одамон хокро ҳам қочоқ мекардаанд, на фақат маводи мухаддирро. Ва ё ҷазираи Биҳишти занон дар Эрон. Оё сокинони он аз набудани мардҳо рӯзе зиқ нахоҳанд шуд? Филми нави коргардонҳои бузург шояд аз порчаҳое сохта шавад, ки рафтори одамон дар ҳоҷатхонаро бо ҷаласаҳои бузурги ҷаҳонӣ пайлуи ҳам бигзорад? Ба думболи хабари занони кореягӣ ва ҷарроҳии зебоӣ, ҳамкорам илова кард, ба наздикӣ шунидааст, ки ҳунарпешаҳои Ҳолливуд ва на танҳо онҳо, дигарон низ, қайчӣ задани сару рӯй ва бадани худро пинҳон медоранд ва Ҷорҷ Клуни маҷбур шудааст, иқрор кунад, ки пилкҳои чашмашро ҷарроҳӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG