Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон аз табдил шудани Назарбоев ба Туркманбошии нав ҳарос доранд


Ромин Мадино, узви Бюрои сиёсии ҳизби ҳокими «Нур Отан» дар барномаи телевизионии «Бет па бет», яъне рӯбарӯи шабакаи телевизионии «Хабар» гуфтааст, имкон дорад, раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев дар даври сеюми интихоботи раёсати ҷумҳур низ номзадиашро пешбарӣ намояд. Ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо родиои Озодӣ, ҷаноби Мадинов бори дигар ин нуктаро зикр кард ва гуфт:

"Назари фардии ман чунин аст, ки набояд имконоти пешбарии нахустин раиси ҷумҳурро бо ду – се давраи интихобот маҳдуд намуд. Аввалин раиси ҷумҳур чи қадаре бихоҳад, бигзор ҳамон андоза пешбарӣ гардад ва чи қадаре ки мардуми кишвар бихоҳанд, ҳамон кадар интихоб кунанд."

Мадинов гуфт, ки ин мавзӯъ алъон дар сӯҳбатҳои хусусӣ ё ба истилоҳ дар сари дастархон баррасӣ мегардад ва тавре дар даврони шӯравӣ буд, чунин сӯҳбатҳо чандон бепоя нестанд.

Серикболсин Абдилдин, раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон мегӯяд, ки ин баёнияи депутат аз хизби «Нур Отан»-ро набояд ҷиддӣ гирифт. Вале ба андешаи ӯ шигифтовар он аст, ки депутати парлумон чунин ҳарфҳои хилофи қонуни асосии кишвар мезанад ва раиси ҷумҳур сукут ихтиёр мекунад.

Дар ҳамин ҳол сиёсатшинос Дос Кошим ин баёнияи раиси Ҳизби собиқи аграрии Қазоқистонро шабехи баёнияи Роҳат Алиев, домоди раиси ҷумҳур дар бораи бунёди салтанат дар Қазоқистон медонад. Ромин Мадинов, мегӯяд Дос Кошим, бо ин роҳ дар кишвар Туркманбошии нав сохтанист, вале мардуми Қазоқистон ба ин харгиз роҳ нахоҳанд дод.

Кошим мегӯяд , ки агар воқеан чунин иқдоме дар мавриди ба даври сеюм пешбарӣ намудани Нурсултон Назарбоев ҷой дошта бошад , онро мардуми кишвар нахоҳанд пазируфт ва онҳо чунин таҳқиру ришхандро ба қонуни асосӣ ва мардум таҳаммул нахоҳанд кард. Вале аз сӯи дигар, ба андешаи Дос Кошим Нурсултон Назарбоев имкон дорад, ки бо роҳи тақвияти нақши ҳизби хеш дар парлумон баъди раесати ҷумҳурӣ низ нақшашро дар ҳокимияти сиёсии Қазоқистон нигоҳ дорад.

Лозим ба едоварист, Нурсултон Назарбоев Қазоқистонро ҳанӯз аз соли 1989 сарварӣ менамояд. Тавре Серикболсин Абдилдин, раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон ва аввалин раиси парлумони ин кишвар гуфт, Нурсултон Назарбоев аз соли 1991 бори панҷум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ кишвар ширкат кард. Бори ахир ӯ моҳи декабри соли 2005 бо касби 91%-и овозҳо пирӯз гардид ва чун дар Тоҷикистон ба муддати 7 сол , яъне то соли 2012 президент интихоб шуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонуни асосии Қазоқистон як шаҳрванд танҳо ду маротиба пай дар пай метавонад, барои мансаби раёсати ҷумҳурӣ талош намояд.
XS
SM
MD
LG