Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми арзёбии муқаддамотӣ роҷеъ ба садамаи нерӯгоҳи Помир - 1


МШ

Бар асоси арзёбии муқаддамотии гурӯҳи коршиносони энержӣ,ки сабабҳои вуқӯъи садама дар нерӯгоҳи барқи обии Помир 1 - ро мавриди омӯзиш қарор додаанд, садамаи мазкур бар асари фишори зарбаи гидравликӣ иттифоқ афтода ва дар натиҷа бинои идоракунандаи неругоҳ зери об мондааст.



Меҳди Лолонӣ корсози ширкати барқи Помир гуфт, ки алҳол коршиносон ба ин суол, ки чаро халоъ дар сарпӯши турбина ба вуҷуд омадааст, ҷавоб меҷӯянд. Вай гуфт: «Мо мехоҳем омилҳои ба вуҷуд омадани садамаро бифаҳмем, то дар оянда аз пеш омадани чунин вазъ ҷилавгирӣи шавад».



Мақоми масъули ширкати барқи Помир изҳор дошт, ки алҳол барои рафъи авоқиби садама дар нерӯгоҳ коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ машғули коранд ва ширкат ба он талош меварзад,ки ҳадди ақалл
ҳар чи зудтар як дастгоҳи неругоҳи барқи обии Помир фаъол гардад. Меҳди Лолонӣ афзуд: «Ширкат барои дарёфти таҷҳизоти зарурии лозим барои дастгоҳҳо, аз ҷумла васоити электронӣ, ки бар асари зери об мондан хароб гардидаанд, ба корхонаҳои истеҳсолкунанда дар Русия ва Тоҷикистон супориш додааст.»




Ба гуфтаи вай бо намояндагони корхонаҳои истеҳсолкунанда худи муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов низ дар тамос мебошад,аммо фаъолсозии ҳадди ақалл як дастгоҳи нерӯгоҳи барқи обии Помир - 1 ба он вобаста аст, ки корхонаҳои тавлидотӣ дар Русия ва Тоҷикистон кай ва бо кадом суръат таҷҳизоти лозимро дар ихтиёри ширкат хоҳанд гузошт. Ёддовар мешавем с адама дар нерӯгоҳи барқи обии Помир - 1 панҷуми феврали соли равон ба вуқуъ омада буд.

Мирзоҷалоли Шоҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG