Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҳир Тоҳиров - ғолиби мутлақи армреслинги Тоҷикистон


Ин мусобиқа бо ширкати беш аз 100 варзишгар аз 12 бошгоҳ ва ташкилоти мухталифи кишвар дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ба қаҳрамони мутлақи ин мусобиқа Тоҳир Тоҳиров сесад доллар эҳдо шуд. Намояндаи дигари бошгоҳи марказии варзишии артиш Фахриддин Очилов соҳиби ҷои дувум гардид. Акмал Қодиров, аз шаҳри Хуҷанд дар мақоми севум қарор гирифт.

Нодир Дареғӣ, раиси Федеросиюни армспорти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: "Мусобиқаи имсола, ки ба ҷашни панҷсолагии таъсисёбии федеросиюни ҷумҳуриявӣ бахшида шуд, як марҳилаи омодагии варзишгарони кишвар ба чаҳорумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ки ахири моҳи март дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, маҳсуб меёфт. Ҳамчунин дар ин мусобиқаи интихобӣ мо беҳтаринҳоро муайян карда, ба дастаи мунтахаби кишвар дохил намудем. Онҳо Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи армреслинг дар Қирғизистон намояндагӣ хоҳанд кард."

Ба гуфтаи раҳбари Федеросиюни армспорти Тоҷикистон варзишгарони тоҷик тӯли се соли ахир дар ин ришта барандаи ҷоизаҳои мусобиқоти байнулмилалӣ ва қитъавӣ гаштаанд. Бинобар ин, пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе соли гузашта маҳали баргузории панҷумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё интихоб шуда буд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG