Пайвандҳои дастрасӣ

Бегуноҳе панҷ сол дар зиндони Русия


Дониёр мегуяд, барои боздошти вай ва ҳамроҳонаш мақомоти интизомии шаҳри Влодимир рузи муносиберо интихоб карда буданд, яъне рузи иди фитрро, то бигуянд, ки гуруҳи созмонёфтаеро боздошт кардаанд:


"Мо ҳама мусулмонон дар рузи иди фитр ба масҷид рафтем ва намоз хондем. Дар ҳамин вақт дар раёсати умури дохилаи шаҳри Влодимир нақша кашидаанд, ки аз руи моддаи ҷиноятҳои созмонёфта, ки моддаи нав буд ва дар соли 1997 қабул шуда буд, хостаанд, ки ҳамон моддаро барои тоҷикон истифода баранд. Мо аз масҷид баромадем ва байни худамон аз руи одат хона ба хона идро муборак мекардем. Онҳо нақша кашидаанд, ки ҳамон руз вақти муносиб аст ва тоҷиконро бояд датгир кунанд. Сабаб гуё ин мешавад, ки дар ҳамин рузи иди мубораки фитр ҳамаи мусулмонон дар киссаашон маводи мухаддир гирифта, як ҷо ҷамъ шуда, онро истеъмол мекунанд. Бо ду сухан мегуям, ки кори онҳо ғайриқонунӣ буд. Ба киссаи ҳамаи шахсони мо ва хонаашон маводи мухаддир партофта, занҷирбанд карда, зада ва нисбат ба дину нисбат ба миллат ҳақорат карда, онҳоро бурда дар раёсати корҳои дохилаи Влодимир маҳкам мекунанд. Ман бо рафиқам Қаюмов Абдураҳмон як ҷо будем. Шаб дертар баъди соати 12-и шаб ба хона омадем, дидем, ки дарвозаи мо кушода аст. Ман ҳайрон шудам, ки барои чӣ дарвоза кушодагӣ... Онҳо то омадани мо ба даруни хона даромада, он ҷоро кофтуков карда, баромада дар берун маро мунтазир будаанд. Баъди даромадан либос иваз карда истода будам, ки дарвоза тақ-тақ шуд. Дарвозаро кушодам. Дар ҳамин вақт бо дубинкаи резинӣ ба сарам заданд. Ман беҳуш шуда ба замин афтидам. Зада-зада маро оварданд ва дар таги диван занҷирбанд карданд. Рафикамро ҳам заданд. Ҳамеша аз забонашон дашномҳои сахте нисбат ба дин, миллат мерехт. Яке аз суханҳои сардори гуруҳи тафтишот Дзюков Андрей Михайлович ҳеҷ аз ёдам намебарояд, ки бо чунин суханҳо маро дашном медод: "Тоҷиконро, мусулмононро ман нобуд мекунам, ман шахсан мутазир будам ҳамин рузи иди мубораки шуморо. Ман ин идро ба шумо нишон медиҳам чӣ хел буданашро". Ҳамин суханон ҳеҷ аз ёдам намебарояд".


Кароматуллоҳ Шарипов-раиси ҷамъияти тоҷикон дар Маскав бо номи "Лигаи Тоҷикон" мегуяд, мақомоти додситонӣ ва умури дохилаи вилояти Влодимир бо боздошти шахсе мисли Худоёров ду ҳадафро дунбол мекарданд: Аввал, Худоёровро шахси доро мепиндоштанд ва мехостанд бо ин роҳ аз вай ришваи зиёде ситонанд. Дуввум: Дар сурати амалӣ нашудани ин кор, онҳо дастикам ба раҳбарони худ метавонистанд гузориш диҳанд, ки бар зидди гуруҳҳои созмонёфта муборизаро тақвият додаанд ва як гуруҳи созмонёфтаи ҷинояткорро ба раҳбарии Худоёров боздошт кардаанд. Маҳз иҷрои нақшаи дуввум ба онҳо даст дод. Шарипов чунин мегуяд:



"Сабаби асосӣ ин буд, ки Дониёр дар байни ин одамон шахси маълумотдор ва шахси корчалон буд. Онҳо фикр мекарданд, ки вай мумкин аст пули зиёд ҳам дошта бошад. Хостанд, ки аз вай пули калон гиранд. Лекин вай ҳамчун шахсият худро ҳурмат мекард. Дониёр ба додани музде, ки мехостанд аз вай гиранд, розӣ нашуд. Барои ҳамин уро ҳамчун сардори гуруҳ бар асоси моддаи 210-и Кодекси ҷиноятии Русия, ба забони русӣ гуем, за создание организованной приступной группы боздошт карданд. Раҳбари ҳамин гуруҳро хостанд дар шахсияти Дониёр Худоёров бинанд".


Бо вуҷуди гузашти беш аз шаш сол Дониёр лаҳзаи боздоштро хеле рушан дар ёд дорад:


"Аз тарафи кормандони тафтишот филм гирифтанд.
Савол: -Яъне худашон ҳамон вақт лаҳзаҳои боздоштро филмбардорӣ карданд?
- Бале..., фақат лаҳзаҳои ба худашон лизимиро. Лекин ҳамин навори онҳоро мо баъдтар бар зидди худашон истифода кардем, дар вақти тафтишоти судӣ..., барои он ки ҳама чиз сохта буд, яъне қонуншикании Федератсияи Русияро онҳо дар амал нишон медоданд. Сабти худашон ба муқобили худашон истифода бурда шуд"
.



Кароматуллоҳ Шарипов, ки ин наворро дидааст ва бо истифода аз он дар бораи азияту озори муҳоҷирини корӣ филме таҳия кардааст, саҳнасозиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияро ин гуна тавзеҳ медиҳад:


"Дар қисми якуми филме, ки аз тарафи Тоҷикдиаспора таҳия шудааст, 15 дақиқа ҳамаи ин ҳаст ва ҳама чиз дида мешавад, ки чӣ корҳо аз тарафи онҳо мегузарад. Шахсоне, ки шабона ба хонаи Дониёр даромаданд, саҳнасозиҳо ҳамааш сунъӣ буд. Бо чашм ҳамаи он дида мешавад. Вақте, ки сафедкунандаҳо, вакилони мудофеъи Дониёр, ки русҳо буданд, талаб карданд, ки ҳамин касета дар зали суд нишон дода шавад, бо чашми оддӣ ҳама медиданд, ки ҳамааш сохта аст. Дониёр умуман нос ва сигарет намекашид. Он ҷо мо дар даҳони вай сигарет мебинем... Дар тани вай палтое мебинем, ки умуман аз вай нест. Ҳамчун шоҳид дар он ҷо ду зан пайдо мешавад... Ин бисёр хатогӣ аст аз тарафи Русия. Чунин ҷинояти калонро кушодан барои шахсияти имрузаи Русия ин ба маънои боло рафтан ва ба пагонҳои баладтар соҳиб шудан аст. Барои онҳо ин кушодани як кори бузурги ҷиноятӣ ҳисоб мешуд. Лекин як чизро набояд фаромуш кунем, ки инҳо нахостанд ҳамин амалиётро бо миллати дигар анҷом диҳанд, масалан бо миллати арман, бо миллати озарбойҷон ё миллати грузин. Парвандаи ҷиноятӣ кушодан, яъне бори дагар гунаҳгор кардани миллати тоҷик дар фуруши наркотик ва доруҳои дигарест, ки мо гап мезанем. Агар бо ҳамин сабаб инҳоро маҳкам мекарданд, ман боварии комил доштам, ки мумкин дар ҳар сари қадам, дар ҳар кучаи Маскав ё ки кучаҳои дигари Русия шаҳрванди Тоҷикистон боздошт мешуд. Имруз гап мезанем, ки ҳар сол 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба зиндонҳои Русия меафтанд, 60 фоизи онҳо бо гуноҳи бардуруғ, мисли "дору" фурухтан. Он вақт сафашон зиёдтар мешуд".


Карина Акоповна-раиси созмони фаронсавӣ ё Маркази байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Страссбург ба парвандаи Дониёр Худоёров расидагӣ кардааст, дар суҳбат бо мо чунин гуфт:


"Роҷеъ ба ин парванда рушан аст, ки дар Влодимир талош кардаанд гуё як мафияеро ошкор созанд. Тақрибан 20 нафар ба зиндон афканда шуданд, таври дигар онро наметавон баён кард... ба далоили миллӣ. Иддаъо шуда буд, ки онҳо ба корҳои ҷиноӣ машғул будаанд. Албатта, ин ҷо тоҷикони маҳаллӣ тавониста буданд дар тиҷорат муваффақона кори худро пеш баранд. Ба назарам, ин ҳолат касонеро ором намегузошт, ки тоҷикон ин гуна бо муваффақият кор мекунанд".

Карина мегуяд, Дониёр тавонист барои исботи бегуноҳии худ роҳи пурмашаққат ва тулониро то Додгоҳи Аврупоии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон дар Страссбурги Фаронса тай кунад:


"Дониёр одаме хеле ҷасур аст. Вай тавонист, истодагӣ кунад, то парвандаааш ба Додгоҳи Аврупоии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон фиристода шавад. Ман фикр мекунам, бахти вай хандид, ки вай дар ин роҳ бо вакили ҷавони мудофеъ Филип Багрянский ру ба ру шуд, ки вай ҳам роҳи барояш номаълумро тай кард. Бо Михоил Овчинников- вакили мудофеъи дигар онҳо аз ин парванда дар Додгоҳи Аврупо дифоъ карданд. Мо санади қотеъ таҳия кардем ва онро Додгоҳи Аврупо пазируфт. Ин додгоҳ аснодро омухт ва ба хулосае расид, ки дар мавриди Дониёр тибқи Муқовиланомаи Аврупо иштибоҳҳои зиёд содир шудааст. Айбдоркунандагон ҳақ надоштанд то рузи содир шудани ҳукм уро дар зиндон нигоҳ доранд".

Чаро муддати тулонӣ Дониёр дар зиндон нигаҳдорӣ шуд?
Боз ҳам Карина мегуяд:


"Ҳоло Додгоҳи Аврупо медонад, ки дар Русия чӣ корҳое таҷруба мешавад ва муддати тулонӣ одамонро дар зиндон нигоҳ медоранд..., ба қавли худашон барои расидагии муқаддамотӣ, ки он амалан муҳлати ҷазо дар зиндон ҳисоб мешавад ва ба ин тартиб ба бегуноҳии вай осеб мерасад. Ин иштибоҳи дар Русия ривоҷёфта аст. Вале нуктаи дигар ин аст, ки аз ҳамаи ононе, ки бо ҳамин парванда боздошт шуданд, танҳо Худоёров бегуноҳ дониста шуд, чунки вай ҳамеша бебокона рафтор мекард, ҷидияту мардонагӣ нишон медод, аз ҳуқуқи худаш бидуни дарназардошти хатари хеле ва хеле зиёд ба ҷонаш ва умуман барои зиндагиаш дифоъ мекард".


Ба гуфтаи Карина, Додгоҳи Аврупо собит сохт, ки тибқи чанд модда Дониёр ғайриқонунӣ дар зиндон нигаҳдорӣ шудааст:

"Ҳамаи шароити нигаҳдорӣ дар Влодимир, дар утоқи зиндон ғайриқобили қабул буд ва мо онро собит сохтем. Нисбат ба Дониёр Худоёров моддаи 3 ва моддаи 5-и Муқовиланомаи Аврупо нақз шуда буд. Барои ҳамин ба вай ҷуброн таъйин шудааст".

Карина суҳбаташро идома медиҳад:


"Ин яке аз пешомадҳои хушҳолкунанда ва парвандаҳои муваффақ аст, ки Додгоҳи Аврупо амалан ҳамаи навиштаҳои даъвогарро қабул кард ва тибқи чанд моддаи конвенсия ё Муқовиланомаи Аврупо ин боздоштро иштибоҳ шуморид".

Оё додгоҳи вилояти Влодимир иштибоҳи худро дар мавриди парвандаи сохтаву бофтаи Дониёр Худоёров эътироф мекунад? Ман ин суолро аз Карина пурсидам:



"Бале, эътироф мекунад. Роҷеъ ба парвандаи Дониёр Худоёров додгоҳ ҳукм баровард, ки вай бегуноҳ аст. Ҳоло барои таъйини ҳуқуқи ин шаҳрванд ба парванда расидагии баръакс идома дорад. Вақте, ки касе ғайриқонунӣ ба муҷозот кашонда мешавад, ғайриқонунӣ муддати тулониро дар зиндон сипарӣ мекунад, вай метавонад барои ин маҳрумиятҳо ҳақи худро талаб кунад. Ҳоло ҳуқуқдонони ҷавони Влодимир, ки ба таври хеле возеҳ ҳақро руи об бароварданд ва пируз шуданд, ба Дониёр кумак мекунанд, ки адолат комилан барқарор шавад".


Ҳамин суолро аз Филип Багрянский -вакили мудофеъи Дониёр дар Влодимир низ пурсидам, ки оё додгоҳи вилояти Влодимир баъд аз тасмими Додгоҳи Аврупо ҳоло иштибоҳи худро эътироф мекунад? Багрянский дар ҷавоб чунин гуфт:


"Чӣ тур гуям, на, онҳо иштибоҳи худро ҳеҷ навъ эътироф накарданд. Онҳо чӣ тавр ин корро мекунанд? Онҳо ин корро намекунанд... Ахз вай узр нахостанд. Додситонӣ бояд ин корро мекард, вале накард. Барои мо ин кор зарур ҳам нест. Додгоҳи Аврупо нақзи муқовиланомаро нишон дод".

Аз Багрянский мепурсам, ки оё баъд аз ҳамаи ин пешомадҳо Доиниёр Худоёров метавонад дар қаламрави Руссия бимонад ва корашро идома диҳад? Ҷавоби вакили мудофеъ хеле мухтасар, вале рушан буд, ки вай ба чӣ ишора мекунад.


"Ҳар кор имкон дорад... Бо назардошти чунин кишвар ва дар чунин шароит..."


Кароматуллоҳ Шарипов низ бо ишора ба амнияти Дониёр ва имкони иқомати вай дар Русия ин гуна изҳори ақида кард:


"Аз тарафи кормандони умури дохилаи шаҳри Влодимир, ки онҳо маҳкам карда буданд, эҳтимоли ваҳшоният вуҷуд дорад. Аз байн бурдани вай мумкин аст, таҳдид барои он ки ва%
XS
SM
MD
LG