Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ниҳолпарварии даромадноктар аз омӯзгорӣ


Давлатшоҳ Ноёбов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ омӯзгори яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия буда ва алифбои форсӣ дарс медод. Аммо бо иллати мушкилоти иқтисодӣ ва маоши ночизи омӯзгорон, 15 сол қабл тағйири касб кард ва бо хонаводааш хоҷагии деҳқониеро таъсис дод. Ноёбшоҳ Давлатов дар 15 сотих замини назди ҳавлигиаш танҳо бо сарфи 200 доллар барои бунёди гармхонаҳо, ба парвариши ниҳол машғул шуд. Ҳоли ҳозир, ӯ беш аз 40 намуди ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва буттаҳои гулҳои мухталифро парвариш мекунад.

«Ҳозир зиндагиям беҳтар аст. Зеро гулу дарахт парвариш мекунам. Аз Русия палма оварда парвариш мекунем, як хел палма 50 то 100 доллар аст. Вазъам аз пештара ба маротиб беҳтар аст.»

Сар аз моҳи феврал дар бозорҳои Тоҷикистон ниҳолҳои мухталиф ба фурӯш гузошта шудааст, ки аз навоҳии атрофи Душанбе ва ҳатто ҷумҳурии Узбакистон ворид мешаванд. Ба гуфти тоҷирон, феълан пурфурӯштарин ниҳолҳо - дарахтони мевадиҳанда аз қабили шафтолу, гелос, ангур ва себ мебошанд. Баҳои ин ниҳолҳо вобаста ба навъи мева аз 1, 5 то 10 сомонӣ аст. Қиммати дарахтони сояафкан аз 3 сомонӣ то 150 доларро ташкил медодааст. Яъне, ниҳолҳои сӯзанбаргу палмаро метавон бо қиммати 100 сомонӣ ва то 150 доллар харидорӣ кард. Ноёбшоҳ Давлатов:

«Ана гелоси сиёҳ, ангури сиёҳро, ки дар тарафҳои ноҳия Турсунзода парвариш мешаванд зиёд мепурсанд.»

Ҳамин гуна, агар нафаре хоҳиши дар панҷ сотих замин бунёди боғро дошта бошад пас барои ӯ 50 то 70 ниҳол зарур мешавад. Зимнан, чунин ба назар мерасад, ки дар муқоисаи солҳои пеш теъдоди харидорони ниҳолҳо афзудааст. Сабаби инро хонум Гулсара, як сокини кишвар дар суръати афзоиши қиммати меваҳо дар кишвар медонад:

«Чизе, ки аз бозор мехарӣ як килову ду кило бебаракат аст. Ин бошад дар пеши хонаат арзон, ҳар вақте, ки хоҳӣ меканӣ мехӯрӣ. Ҳоло мо зиқ ҳастем, ки хонаҳоямонро мехезонанд ва мо чӣ кор мекунем. Дар ҳавлиҳоямон дарахтони зиёд парвариш мекунем ва кабудӣ мекорем, озодона сайругашт мекардем. Ин барои мо як хушбахтӣ буд ва ҳоло хеле ғамгинем. »

Ноёбшоҳ Давлатов мегӯяд, на ҳамаи мизоҷон ниҳолҳои хубу босифатро харидорӣ мекунанд, зеро ба гуфтаи ӯ аксари фурӯшандаҳо, ниҳолҳои маризро пешниҳод мекунанд:

«Баъзе дарахтоне ҳастанд, ки ба бемориҳо гирифторанд ва онро мефурӯшанд, одамон намедонанд. Баъд аз як тараф, гуноҳи харидор аст, ки дарахтонро фарқ намекунанд. Наход дарахти гелосро аз себ фарқ накунанд? Баъд шикоят мекунанд, ки бар ивази ниҳоли себи сурх ба онҳо ниҳоли себи бесифат додаанд.»

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, қиммати ниҳол дар бозорҳои кишвар 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Зеро аз Узбакистон ба Тоҷикистон ниҳол бо қиммати начандон зиёд ворид мешавад ва он ба поин рафтани арзиши ниҳол сабаб шудааст.
XS
SM
MD
LG