Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифли тоҷик дар бемористон олудаи ВИЧ шудааст


Бино бар иттилоъи Вазорати беҳдошти кишвар, ин тифл чаҳор сола буда то имрӯз ба маризиҳои мухталиф ба монанди варами шуш, фишори баланди мағзи сар гирифтор ва дар бемористонҳо муолиҷа шудааст. Гуфта мешавад, дар ҷараёни табобат ӯро садҳо бор сӯзандору карда дар интиқоли хун аз ҳафт донор истифода кардаанд.

Шамсиддин Қурбонов, рахбари идораи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакони Вазорати бехдошт мегӯяд, ба хотири омӯзиши сабабҳои сироятёбии ин кӯдак комиссияи махсус таъсис ёфтааст, ки дар ин замина тафтишот мебарад. Натиҷаи кори комиссия муайян кардааст, ки волидони кӯдак ва шахсони хунсупурда олудаи вируси ВИЧ набудаанд, танҳо эҳтимоли тариқи васоили тиббӣ олуда шудани кӯдак ба ВИЧ вуҷуд дорад.

Зӯҳро Нурляминова, мутахассиси ВИЧ СПИД ба он бовар аст, ки кӯдак тариқи хуни сироятёфта олуда гаштааст. Зеро ғолибан донорҳо сабти ном неву рақамгузорӣ мешаванд:

«Аммо мо ба як чизи дигар аҳамият додем, ки солҳои пеш вақте, ки аз донор хун интиқол мекарданд ному насаби онҳо пурра навишта мешуд. Аммо ҳоло номи донор неву танҳо адад навишта мешавад ва шояд дар ҳамин ададгузорӣ мо саҳв карда бошем, ки ҳамон донорро наёфтем. »

Аммо Комиссияи Вазорати беҳдошт далели тариқи хуни донор сироят ёфтани кӯдакро рад мекунад ва онҳо таърихи маризии ӯро мавриди омӯзиш карор дода тамоми муассисаҳои тандурустӣ ва сӯзандоруҳои гирифтаашро меомӯзанд. Шамсиддин Қурбонов:

«Комиссияи Вазорати тандурустӣ ба хулосаи аниқ меояд ва натиҷаи он ба ҳукумати кишвар ва ҳам ба аризадиҳанда ирсол мешавад.»

Ба гуфти Шамсиддин Қурбонов, ҳарчанд то имрӯз бемористонҳои кишвар бо дастурҳои махсуси Вазорати беҳдошт оид ба пешгирӣ ва муносибат бо гирифторони ВИЧ СПИД таъмин шудаанд, аммо баъзе аз кормандони соҳаи тибб мувофиқи ин дастур то ҳанӯз ҳам пурра кор намебаранд. Дар баъзе аз бемористонҳо, ба вижа дар деҳоти кишвар ҳодисоти истифодаи чандинкаратаи васоили тиббии якдафъаина ва ё покношуда ба назар мерасидааст. Шамсиддин Қурбонов:

«Ба хотири сарфа кардан, аммо онҳо андеша намекунанд, ки ин сарфакориҳо як хизмати хирсона аст, нисбати ҳам шахсияти худашон ва ҳам беморон. Агар мардумро маърифат ва масъулияташон баланд бошад метавонанд талаб кунанд, ки васоили нав ва покро истифода кунанд.»

Мушкили дигар паст будани сатҳи маърифати баъзе аз пизишкон оид ба тарзи муносибат бо гирифторони ВИЧ СПИД будааст, ки хатари аз модари сироятёфта олуда шудани кӯдаконро меафзояд:

«Дар яке аз бемористонҳои вилояти Хатлон як ё ду зани сироятёфта барои таваллуд кардан омадаанд ва табибон ба даҳшат афтодаанд, ки бо онҳо чӣ тавр муносибат кунанд. Дар бисёр мавридҳо табибон низ дар маҳалҳо малакаи касбии баланд надоранд. »

Тибқи омори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон, 710 мубталои ВИЧ ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 80 дарсади онҳо то 29 сола буда 70 дарсадашон тариқи сӯзандору олуда шудаанд.
XS
SM
MD
LG