Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳишоти нави тиббӣ


Муаалифони як пажӯҳиши тоза дар Амрико мегӯянд, ки истеъмоли сир ва ё чесноки хом мизони холестерин дар таркиби хунро кам намекунад.

Кристофер Гарднер, табиби Пажӯҳишгоҳи Стандфорд дар иёлати Калифорния мегӯяд, ҳеҷ гуна дору ва ё рустание вуҷуд надорад, ки битавонад, пеши роҳи таъсири манфии ғизохӯрии номуносибро бигирад.

Кристофер Гарднер афзудааст, ки иддаъоҳо дар хусуси он ки истеъмоли сири хом мизони холестерини зиёди зиёновар барои сиҳатии инсонро кам мекунад, нодуруст аст, зеро ҳеҷ гуна далеле барои исботи ин гуфта пайдо накардаанд.


Ва хабари дигари тиббӣ ҳам ин аст, ки пажӯҳишгарони амрикоӣ мегӯянд, танҳо аз нафас кашидани инсон метавонанд, бемории саратони шушро ташхис кунанд.

Онҳо мегӯянд, ҳатто имкон дорад, он бемориро дар марҳилаҳои аввалаш бо ҳамон роҳи содда ташхис кард.

Як абзори хурди тиббии баробари танга барои ташхиси саратони шуш истифода мешудааст ва табибони амрикоӣ мегӯянд, ки аз чаҳор се ҳиссаи гирифторони саратони шушро бо ҳамин роҳ ташхис кардаанд.

Аммо хулосаҳои нодурусти ин абзор низ бисёр будааст ва борҳо афроди солимеро, ки саратони шуш надоштаанд, гирифтори ин беморӣ нишон додааст.
XS
SM
MD
LG