Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Милал зидди Эрон қатъномаи нав омода мекунад


Дипломатҳои баландпояи панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милал бар изофаи Олмон ба таҳияи пешнависи қатъномае пардохтаанд, ки ҳадаф аз он тақвияти таҳримот ба зидди Ирон аст.


Вазорати умури хориҷаи Бритониё бо нашри як баёния гуфт, ки дипломатҳо ҳангоми дидор дар Лондон гуфтугӯи пурбор ва баҳсҳои ҷиддӣ доштаанд. Дар ин баёния ҳамчунин омада, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ба аҳди худ дар пайдо кардани ҳалли мусолиматомези бӯҳрони ҳастаии Ирон содиқанд.


Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико Шон Маккормак гуфт, дипломатҳо доир ба ин қазия якуми март гуфтугӯҳои телефонӣ хоҳанд дошт. Вай афзуд, ба ҳар ҳол, онҳо умедворанд, ки ирониҳо роҳи музокиротро пеш мегиранд.


Ӯ гуфт, ва аммо агар раҳбарияти Ирон роҳи музокирот интихоб накунанд, подоши онро мегиранд ва он подош инзивои дипломатӣ аз тамоми ҷаҳон аст.
XS
SM
MD
LG