Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё ба Афғонистон нерӯҳои иловагӣ мефиристад


Вазири дифоъи Бритониё Дес Бровн гуфт, кишвараш барои муқобила бо таҳоҷуми баҳории Толибон ба Афғонистон 1400 сарбози иловагӣ эъзом хоҳад кард.


Ҳангоми суханронӣ дар порлумон Дес Бровн гуфт, ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки Бритониё натавонист, дигар кишварҳои узви НАТО-ро барои фиристони нерӯҳои изофӣ ба вилояти Ҳилманд мутақоид кунад. Ҳилманд дар ин авохир шоҳиди ҳамлаҳои зиёди пайкорҷӯёни Толибон шудааст.


Ва ҳамакнун, ба гуфтаи вазири дифоъи Бритониё, теъдоди нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон аз 6300 то ба 7700 нафар хоҳад расид.


Дес Бровн ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои кишвараш то соли 2009 дар Афғонистон хоҳанд монд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG