Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши фишор ба Покистон


Ба қавли мақомоти покистонӣ, Чейнӣ ба саҳми Покистон дар ҷанги зидди террор арҷ гузошта, вале гуфтааст, Исломобод метавонад, дар ин росто кори аз ин ҳам бештаре анҷом диҳад. Президент Мушарраф дар навбати худ гуфтааст, нирӯҳои кишвараш ва Афғонистон ва ҳамчунин Паймони Атлантики Шимолӣ ва худи Иёлоти Муттаҳида дар ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунии марзи миёни Покистону Афғонистон "масъулияти муштарак" доранд. Вай инчунин аз тавофуқи баҳсбарангез бо мусаллаҳони Толибон дар Вазиристони Шимолӣ ҳимоят кард. Ин ҳам дар ҳоле ки як мақоми дигари аршади Покистон хостори гуфтушуниди ҳукумати Афғонистон бо ҷумбиши толибон шудааст.

Меҳмони дигари Мушарраф, котиби умури хориҷии Бритониё Маргарет Беккет пас аз гуфтушунидҳо дар Исломобод. рӯзи душанбе гуфт: "Барои ҳамаи мо ин ҳақиқат дорад, ки ҳанӯз қодир набудаем, бархе аз ин таҳдидҳоро хунсо кунем. Мо аз талошҳои ҳукумати Покистон дар ин самт ва истеҳкоми ҳамкориҳои миёни ду кишвар истиқбол мекунем ва ҳарду ҷониб мехоҳем, ин ҳамкорӣ таҳким ёбад ва амиқтар шавад."

Рӯзномаи Ню Йорк Таймс рӯзи душанбе навишт, президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш тасмим гирифтааст, ба раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф паёми "ба таври ғайримуқаррарӣ шадидуллаҳне" фиристад. Вай эҳтимолан хоҳад гуфт, ки дар сурати камфаъолиятии нирӯҳои покистонӣ дар шикори афроди Ал Қоида, Конгресси таҳти назорати демократҳо мумкин аст, кӯмакҳои Амрико ба Покистонро ба таври ҷиддӣ коҳиш диҳад.

Пас аз мулоқоти Чейнӣ бо Мушарраф, мақомоти покистонӣ гуфтанд, раисиҷумҳури Покистон ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Карзай дилу зеҳни паштунтаборони минтақаро ба даст наорад, низоъ метавонад, ба як ҷанги мардумӣ табдил ёбад.

Дар таҳлили ҳамаи ин хабарҳо, коршиносон мегӯянд, сафари ғайримунтазираи Чейнӣ ба Покистон, ки бо сафари дабири умури хориҷии Бритониё Маргарет Беккет дар як вақт ба вуқӯъ пайваст, далели ин аст, ки Вашингтон дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии густардаи Толибон дар мавсими гармо маълумоти иктишофӣ гирд овардааст. Вале дар мавриди бархӯрди шадиди Вашингтон бо Исломобод, онҳо чунин бархӯрдро дар ростои интихоботи ҳалкунандаи Покистон, вазъи феълии Афғонистон ва бӯҳрони афзояндаи пиромуни Эрон имконпазир намешуморанд. Ва мегӯянд, бояд дид, ки сафари ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида ба Исломобод то куҷо муассир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG