Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷабҳаи муҳоҷирати кории Тоҷикистон: 350 кушта дар як сол


Дар онҳо ҷисмҳои сӯхтаи Азимҷони 31 сола, ҳамсараш Дилбар ва фарзандони ноболиғашон Нозимҷон, Маҳлиё ва Фарангис ҷой доштанд. Як пайванди ин хонавода гуфт, ки куштори оилаи узбектабори Абдухолиқовҳо дар ноҳияи Чистые Пруды, вилояти мухтори Ханти Мансии Русия аз ҷониби афроди номаълуми маҳаллӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай, қотилон бо баҳонаи фурӯхтани либос ба манзили зисти муҳоҷирон ворид шуда, аввал зани хонавода ва се фарзанди ноболиғи вайро бо зарбҳои корд нобуд кардаанд.






Ба гуфтаи мусоҳибам, вақти бозгашт қотилон бо марди хонавода - Азимҷон Абдухолиқов рӯ ба рӯ омада, ӯро низ куштаанд. Сипас барои рупӯш кардани ҷинояти худ манзили зисти онҳоро оташ задаанд. Ба навиштаи нашрияи «Тоҷикистон», чопи Душанбе се фарди гумонбар ба қатли оилаи тоҷик дар маҳали фоҷиа боздошт шудаанд. Хешовандони ин оила мегӯянд, Азимҷон аз чанд сол қабл дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебурд ва тирамоҳи соли гузашта зану се фарзандашро низ ҳамроҳи худ гирифта буд.





Тавре хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд мегӯяд, дар соли 2006 350 сокини Тоҷикистон, ки қисме аз онҳо аз вилояти Суғд мебошанд, дар муҳоҷирати кории Русия кушта шудаанд. Коршинос Тилав Расулзода сабаби инро дар он мебинад, ки дар Русия муҳоҷирини кории тоҷик беҳуқуқ ва беҳимоятанд: «Аз ин рӯ, унсурҳои ҷинояткори нашъаманд ва шаробхор, инчунин - миллатгаророву бегонаситез ба манзилҳои муҳоҷирини кории тоҷик, ки бештар харобу вайрона, вагончаву саройҳои тахтагӣ мебошад, шабохун зада, аз онҳо пул талаб мекунанд, дар ҳолати инкор аз куштани онҳо ҳам рӯй намегардонанд. Ва манзилҳояшонро оташ мезананд.»




Вале ба назари Азим Яраҳмедов консули Русия дар Хуҷанд, беҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвараш ба танзим нашудани муносиботи мигратсионии байни ин ду давлат бастагӣ дорад. Ӯ меафзояд: «Ба ақидаи ман, аз ҳама муҳим он ки дар Тоҷикистон ва Русия биржаҳои кории муштарак барои гусел ва қабули муҳоҷирини корӣ таъсис дода шавад. Ва ин биржаҳои корӣ муҳоҷиринро бо ҷойҳои корӣ, маконҳои зист ва хадамоти иҷтимоӣ таъмин кунад.»




Аммо ба гуфтаи ҷаноби Яраҳмедов, муҳоҷири корие, ки дар Русия бе сабти номи расмӣ ба сар мебарад, аз тамоми ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум аст.Мисли он ки чунин одам аслан вуҷуд надорад.
Вале аз нигоҳи коршинос - Ҷӯра Юсуфӣ, вазъи сангин ва куштори муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия аз сиёсати нописандонаи ин давлат нисбат ба Тоҷикистон сарчашма мегирад: «Муносибати Русия нисбати Тоҷикистон ба як мақоли халқӣ мувофиқ меояд, ки «дур нарав, ки гургат нахӯрад, наздик наё, ки рӯят набинам". Русия аз муҳоҷирини корӣ ва паноҳандагони тоҷик, ки дар сарзаминаш ба сар мебарад, ҳамчун фишанги сиёсӣ алайҳи давлати имрӯзи Тоҷикистон истифода мебарад.»


Аммо , ба гуфтаи мусоҳибам, қурбонии асосии ин фишанги сиёсии Русия алайҳи Тоҷикистон муҳоҷирини кории тоҷик ҳастанд, ки теъдоде аз онҳо ҳамасола даруни тобутҳои оҳанин ба ватан бармегарданд.
XS
SM
MD
LG