Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИЖТ хостори бархӯрди боэҳтиёт бо «Ватандор» шуд


BU

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон бо нашри баёнияе аз аъзои ин иттиҳод ва расонаҳои хабарии кишвар хостааст дар инъикоси матолиби марбут ба ҳаракати оппозитсионии «Ватандор» ва раҳбари он Додоҷони Атовулло аз эҳтиёт кор бигиранд.




Акбари Саттор, раиси Итиҳодияи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, ин вокуниши иттиҳодияи мо ба изҳороти раиси ҳаракати «Ватандор» мебошад, ки ҳафтаи гузашта дар робита ба ин бархе расонаҳои кишвар матолиби мухталиф ба нашр расониданд. Ва ин дар ҳолест, ки ин вокуниш ва муроҷиати Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аз сӯи масъулини расонаҳои хабарии кишвар начандон хуш пазируфта шуд.




Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистӣ ва сардабири нашрияи «Фараж» мегӯяд, аз чунин муроҷиатнома ва маслиҳатҳо бӯи сензура меояд. Сардабири нашрияи «Фараж» меафзояд, мо масъулияти худро ҷиҳати нашр кардан ва ё накардани ин қабил матолиб дар назди мардум ва хонандагони нашрия эҳсос мекунем, на дар назди Иттиҳодияи журналистон. Ҳамчунин ӯ гуфт нашрияи мо ба он хотир, ки Додоҷони Атовулло феҳристи аъзои ҳаракати «Ватандор»-ро эълом накард, мо аз нашри матлабе дар ин маврид худдорӣ кардем. Ва ҳамзамон бо итминон мегӯяд, ки агар ӯ инчунин феҳрастро эълом кунад ва мо ба заминаи воқеъӣ доштани ҳаракати оппозитсионии «Ватандор» боварӣ ҳосил намоем, албатта матлабе ба нашр хоҳем расонд.




Ба эътиқоди Хуршеди Атовулло ин муроҷиати Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон дар ҳоле нашр мешавад, ки ин иттиҳодия на дар ҷаласаву на дар нишастҳои матбуъотии худ намояндагони нашрияҳои «Наҷот»,«Фараж», «Овоза», «Нигоҳ»,«Миллат» ва Маркази тадқиқоти журналистиро даъват намекунад. Ба гуфтаи оқои Атовулло ин нашрияҳо мустақил ҳастанд ва ба ин далел тасмимро дар ин маврид худи онҳо хоҳанд гирифт.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG