Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди хабари анҷоми бозсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ


Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабари анҷоми бозсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар қисмати ғарбии шаҳри Душанберо рад намуд. Фаридун Маҳмадалиев сухангӯи дафтари матбуъоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт нашри ин хабар, ки гӯё фурудгоҳи низомии Айнӣ ба поён расидааст,беасос аст ва дар ҳоли ҳозир ин кор идома дорад.



Ин дар ҳолест,ки ахиран бархе аз сомонаҳои интернетии дохиливу хориҷӣ бо истинод ба рӯзномаи "Indian Express"- и чопи Ҳиндустон иттилоъ додаанд,ки бозсозии аввалин пойгоҳи низомии Ҳиндустон дар Осиёи марказӣ анҷом пазируфтааст ва ҷониби ин кишвар омода аст чархболҳои низомии худро дар он ҷойгир созад.



Ба навиштаи рузномаи мазкур ҷониби Ҳинд барои бозсозии пурраи фурудгоҳи Айнӣ ҳудуди 19 миллион доллари амрикоӣ масраф кардааст. Аммо ба гуфтаи сухангӯи дафтари матбуъоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон ин кишвар бо Ҳиндустон ҳеҷ гуна қарордоди ҳамкории низомӣ надорад ва тармими фурудгоҳи низомии Айнӣ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи кӯмакрасонӣ миёни ду кишвар сурат мегирад.




Сухангӯи дафтари матбуъоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон афзуд аз рӯи барнома бозсозии комили фурудгоҳи низомии Айнӣ пас аз ҳадди ақалл якуним соли дигар анҷом меёбад. Бозсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ аз соли 2002 идома дорад ва дар сурати анҷом ба аввалин пойгоҳи низомии Ҳинд дар Тоҷикистон мубаддал мегардад. .
XS
SM
MD
LG