Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахлоқи нек чист?


Дар идомаи номаи пешина.
Як файласуф мегӯяд, башари имрӯза аз ҷиҳати илм ва санъат пешрафти шигифтангезе кардааст, валекин аз ҷиҳати ахлоқ ва инсоният баракс ба қафо рафтааст ва мушкили асосии башари имрӯза дар ҳамин аст.
Исмоилиёни Қубодиёнӣ
----------------------------------------
Дар илми ахлоқ ба бархе рафтор ва кирдор мӯҳликот ва бархи дигар мунҷиёт мегӯянд ва ё фазоил ва разоил. Мӯҳликот монанди зулм ва дурӯғ гуфтан аст ва мунҷиёт монанди рост гуфтан ва ба ҳамнавъи худ хизмат кардан ва адолатпеша будан.

Дар байни олимони ахлоқ ихтилоф аст дар ин ки меъёр ва милоки ахлоқ чист. Баъзе аз донишмандони ғарбӣ мегӯянд, милоки ахлоқӣ ва адами ахлоқӣ будани як фард виждон ва ё исор ва башардӯстӣ ва ё меъёри худдӯстист, яъне ба касе зулм накардан ба хотири онки мумкин аст, мавриди зул қарор гирад.

Ба назари ман, милоки ахлоқӣ ва адами ахлоқӣ будани як кирдор ақл ва дин ва башардӯстӣ ва исор аст. Як ҷумлаи машҳур аст, ки дар тамоми адёни ҷаҳон вуҷуд дорад: Ончиро ки ба худ раво намебинӣ, барои дигарон ҳам маписанд.

Дар идомаи суол, дуруст аст, ки мегӯянд, ба хурдсолон раҳм ва бузургсолон эҳтиром кунем, аммо ба ин маъно нест, ки ба кирдор ва гуфтори нодурусти онон эътироз накунем ва бояд эътироз ва интиқод кунем.

Бо эҳтиром
Исмоилиёни Қубодиёнӣ
---------------------------------------
Ба номи худо.
Ахлоқи нек ҳамон аст, ки баргирифта аз матни дин ва дастуроти худованд ва паёмбар бошад. Ва эътироз ба калонсолон ҳам дар дин мазаммат шудааст.

Барис
--------------------------------------
Ман фикр мекунам, мо ҳоло дар паҳлуи ахлоқи нек бояд ҷасурӣ ва нотарсиро барои насли ояндаамон биомӯзонем. Ва дар бораи панду ахлоқ аз ин сомона баҳра бигиред www.sattor.com

Саломат бошед.
Кова
---------------------------------------
Ассалом.
Ба назари ман, ахлоқи нек он аст ки ба дигарон зиён нарасонӣ ва ҳамеша ба фикри ҷомеъи худ ва миллати худ бошӣ ва нисбат ба хонадони худ меҳрубон будан аст.

Аммо саволи дувум одоби моро тарси қадимӣ маънидор меунад инро дар базе ҷоҳо дар мардуми рустонишин дида мешавад. Намешавад инро ба куллӣ нафй кард, вале барои як ҷомиъа пешрафта ва босавод ин маънидор нест, чун ҳар инсони хирадманде метавонад ташхис диҳад, ки кадом чиз ба нафъи ман ҳаст кадом ба зарар.

Аммо саволи саввум инки ба ҳарфи нодурусти бузургтарон эътироз кардан, агар алонтар тавони фаҳмияш боло бошад мешавад бо вай аз роҳи мусолиматомез сӯҳбат кард на аз роҳи хушунат ва ҷангу даъво, вале дар сурате ки бузургтар тавонӣ фаҳмишашро надошта бошад, набояд бо онҳо сари ин мавзӯъ сӯҳбат ва эътироз кард, балки ба мурури замон кам-кам вайро мешавад, фаҳмон на як дафъа.
Бо ташаккур аз барномаи шумо.

Сайидҷон
--------------------------------------

Бо номи худованд
ва бо арзи салом.

Ахлоқи нек маҷмӯъи фазилатҳо ва хосиятҳо, рафтор ва гуфтори неке мебошад, ки сарчашмаи онҳо аз ақл ва дин ба вуҷуд меояд. Ақлу фаросоти зотӣ раҳнамоӣ ба сӯи ахлоқи ҳамидаанд ва дин даъват ба чуни ахлоқ аст.

Ахлоқи нек асоси хушбахтии инсон аст. Вақте инсон бо чунин ахлоқ бо дигарон муомила мекунад, дигарон низ ба ӯ чунин посух медиҳанд. Фикр мекунам, ахлоқи ҷавонони имрӯзаи мо назар ба як ё ду даҳа пеш коҳидааст. Албатта, ҳоло ҳам ҷавононе ҳастанд, ки ахлоқи баланд доранд, вале назар ба гузашта камтар.

Касе ки аз худ калонсолтаронро бо ҳарфҳое номуносиб эътироз мекунад, дар додгоҳи ахлоқӣ муҷрим дониста мешавад. Агар ҳамин нуктаро дар гаштугузори имрӯза ва собиқа бо ҳам қиёс кунем, мебинем, ки ахлоқ хеле коҳидааст. Бино бар ин риояи ахлоқ ва тарбияи тифл барои ояндаашон хеле муҳим аст, зеро ахлоқи нек ҳам саломати ҷисм аст ва ҳам саъодати рӯҳ.

Бо эҳтиром
Мусофир
------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG