Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вижагиҳои муҳоҷирати тоҷикон дар Русия


Ҷомеъашиноси пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони Русия Селин Заурбеков бо интишори як таҳқиқи густурда, таҳти унвони «Бархе аз вижагиҳои муҳоҷирати тоҷикон дар Русия» менависад, муҳоҷирати тоҷикон натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст. Ӯ навиштааст, муҳоҷират мӯҷиби коҳиши тавлидот, афзоиши бекорӣ , рушди тиҷорати маводи мухаддир ва фасод дар Тоҷикистон гардид.

Аз сӯи дигар, менависад пажӯҳишгар, мавҷи муҳоҷират шумораи бекорон дар Тоҷикистонро коҳиш дод ва аз дигар фарояндҳои нохуш ҷилавгирӣ кард ва аммо дар ҳарду ҳолат аз нигоҳи иқтисодӣ муҳоҷират нишонаи аз пешрафт мондани кишвар аст. Гузашта аз ин, муҳоҷирони тоҷик, ки ғолибан ҷавонон ҳастанд, дар Русия аз ҳеҷ гуна имкони камоли фарҳангию касбӣ бархурдор наянд ва танҳо барои идомаи зиндагии моддии худу хонаводаҳояшон талош мекунанд. Ба хотири дарёфти чанд рубл омӯзгори тоҷик дар Русия ронандаи мошини боркаш ва муҳандиси тоҷик дар сохтмон коргари оддист.

Ба навиштаи муҳаққиқ, тоҷикон барои омезиш ба шароити зиндагии мардуми бумии Русия зиёд мойл ҳастанд, вале низомии ҳуқуқи Русия барои ин фароянд мушкил эҷод кардааст. Ин мушкил тоҷиконро ба ташкили шабакаҳои вижаи муҳоҷиратӣ маҷбур кардааст, ки гирд омадан дар иттиҳодияҳои хешу таборӣ ва ҳамшаҳригист.

Муҳоҷирони тоҷик бо шомил шудан ба шабакаҳои муҳоҷиратӣ ба зудӣ санади сабти иқомат ва ҷой кор пайдо мекунад, ки беҳтар аз иртибот бо мақомоти марбутаи Русия аст. Ин матлаби гузоришро намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод қисман тасдиқ кард. Вай гуфт, дар Русия беш аз 60 ҷамъияти тоҷикон вуҷуд дорад, вале на ҳамаи онҳо дар заминаи хешутаборӣ ва маҳаллӣ созмон ёфтаанд.

Бино ба таҳқиқи анҷомдодаи пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Русия, насли нави муҳоҷирони тоҷик забони русиро балад нестанд, хеле камсавод ҳастанд. Гурӯҳе ҳам танҳо бо ҳаваси ҷаҳонгардӣ худро ба маҷрои ҳуввияткушӣ муҳоҷират андохтаанд, менависад дар идомаи гузориши «Вижагиҳои муҳоҷирати тоҷикон дар Русия», донишманди пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Русия.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG