Пайвандҳои дастрасӣ

Нархҳои осмонбӯси биноҳои заминии Алмаато


Дар Алмаато - пойтахти ҷанубӣ ва бузургтарин шаҳри кишвар қиммати манзил дар ҳоли болоравист. Алъон, қиммати як метри мураббаъ манзил дар шаҳр ба 3.000 доллар дакка хӯрда вале коршиносон бар онанд, ки ин рақами ниҳоӣ нест ва имкон дорад, дар нимаи сол нархи як метри мураббаъ манзил ба 3.500 доллари амрикоӣ бирасад.

Назар Кушкеев, корманди бунгоҳи «Казкоммерс риэлтс» мегӯяд, қиммати манзил дар манотиқи гуногуни шаҳр тафовути ҷиддӣ дорад. Агар як метри мураббаъи он дар минтақаҳои наздишаҳрӣ ба 1000 доллар баробар бошад, дар маркази шаҳр ё ба истилоҳ, дар чаҳоркунҷаи тиллоии он 10-12 ҳазор доллар арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки дар маҷмӯъ як метри мураббаъ манзил дар шаҳри Маскав болотар аз 4200 доллари амрикоист.

Чунин болоравии қиммати манзилро коршиносон, аз ҷумла Олег Алферов, сарвари ширкати хариду фурӯши манзил бо номи « Абсолют», қабл аз ҳама ба афзоиши тавлидоти маводи сӯхт, мисли нафту гоз марбут медонад. Ҳамчунин ба андешаи ӯ, омили дигар барои хариди манзил аз қарзи давлатӣ истифода кардани мардум аст.

Бар илова оқои Алферов, хариди манзилро чун яке аз воситаҳои хуби ҳифзи сармоя арзёбӣ мекунад ва он қишри ҷомиа, ки соҳибсарватанд, ба андешаи оқои Алферов, дар Алмаато манзил харидорӣ менамоянд. Ҳамчунин, алъон дар кишвар тасмим гирифтаанд, ки шумораи аҳолии шаҳри Алмааторо маҳдуд намоянд ва минбаъд онҳоро дар ҳамсояшаҳрҳое, ки сохта мешаванд, ҷой диҳанд. Аз ин хотир, мардум дар андешаи онанд, ки ҳарчи зудтар дар шаҳри Алмаато манзил бихаранд.

Коршиносон чунин ҳадс мезананд, ки таи ду соли оянда қиммати манзил дар пойтахти ҷанубии Қазоқистон боз ҳам боло хоҳад рафт ва баъдан, нарх дар ҳоли мӯътадил боқӣ хоҳад монд.

Баробари болоравии қиммати манзил нархи иҷораи он ҳам афзоиш меёбад. Тибқи эълонҳое, ки нашрияҳои кишвар ба табъ мерасонанд, дар Алмаато ҳатто хонаи якҳуҷраиро ба 300 доллар иҷора гирифтан мушкил аст. Ин дар ҳолест, ки таи ду соли ахир сохтмони манзил дар шаҳр назар ба солҳои қаблӣ басо афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG