Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Ироқро дар Урдун муоина мекунанд


Раиси ҷумҳури бемори Ироқ Ҷалоли Толибониро барои муоинаи тиббӣ ба Урдун фиристодаанд. Дафтари раиси ҷумҳури Ироқ бо нашри як баёния гуфт, Ҷалоли Толибонӣ бинобар кори зиёде дар чанд рӯзи гузашта гирифтори беморӣ шудааст ва табибон ба ӯ тавсия додаанд, то аз муоинаи амиқтар бигзарад. Аз ин хотир Ҷалоли Толибонӣ ба Ӯрдун рафтааст.


Муовини нахуствазири Ироқ Барҳом Солиҳ ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки фишори хуни Ҷалоли Толибонӣ паст будааст ва табибон ба ӯ тавсия додаанд, ки аз муоинаи дигар бигзарад.


Хабари дигар аз Ироқ ин аст, ки рӯзи якшанбе бар асари як бобмгузории интиҳорӣ дар назди як донишгоҳи шаҳри Бағдод дасти кам 40 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Аксари қурбониёни ин ҳамла донишҷӯён будаанд. Дар дигар гӯшаи Бағдод ба як маҳаллаи ҷанубии ин шаҳр ҳамлаҳои мушакӣ сурат гирифтааст, ки доир ба теъдоди қурбониён дар ин ҳамлаҳо гузоришҳо зидду нақизанд.


Дар маркази Бағдод ба асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар назди сафоратхонаи Ирон дар Ироқ ду нафар ҷон дода ва ва чаҳор тани дигар захм бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG