Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон меҳвари баҳси қудратҳои ҷаҳонӣ дар Лондон


Қарор аст, имрӯз дар Лондон намояндагони панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милал ба изофаи Олмон иқдомоти баъдӣ барои моил кардани Эрон ба тавқифи фаъолиятҳои ғанисозии уранро баҳс кунанд.


Рӯзи якшанбе раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барномаи ҳастаии кишвари худро ба қаторе ташбеҳ кард, ки дар ҳоли ҳаракат аст ва ба қавли Маҳмуди Аҳмадинажод абзори ақибнишинӣ ва тормоз надорад.


Дар вокуниш ба ин Кондолиза Райс, вазири умури хориҷаи Амрико аз Эрон хост, барномаҳои ҳастаиашро муттавақиф кунад. Хонум Райс гуфт, Эрон ба абзори бозгашт ба ақиб ниёз надорад,балки ба тугмаи тавқиф ниёз дорад.


Амрико мегӯяд, ки Эрон барои сохтани силоҳи атомӣ талош дорад, иддаое, ки Теҳрон онро рад мекунад ва мегӯяд, ҳадафҳои барномаҳои атомиаш сулҳомез аст.
XS
SM
MD
LG