Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили ҳукумати нави Туркманистон поён ёфт


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - раиси ҷумҳури Туркманистон даҳ рӯз баъд аз интихоб шуданаш дар ин мақом ҳукумати навро ташкил кард. Раёсати кобинаи вазирон, чун дар айёми қудрати Сафармурод Ниёзов, бар ӯҳдаи раисиҷумҳур вогузор шудааст.
Ахиран Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар бораи таъин кардани раҳбарони вазоратҳои амнияти миллӣ, дифоъ, умури дохила, адлия, раиси кумитаи марзбонӣ, Додситони Кулл ва раиси Додгоҳи олӣ амр содир кард. Ҳама раҳбарони ниҳодҳои қудратии кишвар, ҳарчанд қаблан ҳам ин курсиҳоро соҳибӣ мекарданд, барои шаш моҳ баргузида шуданд ва дар мақомҳояшон боқӣ мондани онҳо бастагӣ ба он хоҳад дошт, ки, ба гуфтаи раиси ҷумҳур, "то куҷо аз таҳти дил ба Ватан хизмат мекунанд". Ба иттилоъи оҷонсии ИТАР-ТАСС, як рӯз пеш бо фармони раисиҷумҳур Тоҷбердӣ Тагиев - собиқ раиси ширкати давлати "Туркмангаз" муовини сарвазир таъин шуд. Вазири хориҷаи кишвар Рашид Мередов низ ҳамзамон курсии муовини сарвазирро ишғол мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ИТАР ТАСС бо такя ба нозирони мустақил хабар медиҳад, ки аз матни Савганди вафодорӣ ба Ватан, ки илова ба суруди миллист ва ҳамарӯза дар саҳифаи аввали рӯзномаҳои маҳаллӣ нашр мешавад, ибораи "Сафармурод Туркманбошии бузург" берун андохта ва ба ҷойи он вожаи "раисиҷумҳур" ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG