Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бачагие, ки дар бозору чарогоҳ мегузарад....


Алӣ, як навраси 15-солае, ки дар ноҳияи Носири Хусрав зиндагӣ мекунад, дар бозор кулчақанд мефурӯшад. Ӯ ба монанди дигар ҳамсолонаш ба мактаб намеравад, зеро ба хотири дарёфти қути лоямут ва таъмини аҳли оила маҷбур аст, аз субҳ то бегоҳ дар бозор кор кунад. Алӣ мегӯяд, ҳамроҳи ӯ дар бозори ноҳияи Носири Хусрав кӯдакони зиёди аз 10 то 17 сола ба корҳои гуногун, аз қабили кашидани ароба, халтаҳои вазнини мизоҷон ва амсоли инҳо машғуланд.

«Дар як рӯз 6-7 сомонӣ даромад дорам. Дар ин ҷо бачаҳо донаи офтобпараст, пойафзол, мевагӣ ва ғайра мефурӯшанд.»

Наврасону ҷавонони деҳоти навоҳии Носири Хусрав ва Шаҳритус ғолибан ба корҳои кишоварзӣ машғуланд. Онҳо дастёри асосии оилаҳо дар мавсими кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил ба ҳисоб рафта аксари вақти худро на дар мактабҳо балки дар кӯҳу саҳро сипарӣ мекардаанд.

Исмоил, як навраси сокини деҳаи Муродтеппа мегӯяд, ба бародараш барои чаронидани панҷоҳ сар бузу гӯсфанд кӯмак мекунад, зеро даромади хонаводаи онҳо маҳз аз ҳисоби парвариши ҳайвоноти хонагӣ аст. Исмоил меафзояд, кӯдакону наврасон ба чунин шароити сахти зиндагӣ мутобиқ шудаанд:

"Бо хеле нағз ба шароити ҳамин ҷо одат кардаем. Боду ҳавояш хуб, ба ман писанд аст. Гӯсфандҳоро маҳкам мекунам, ба чарогоҳ мебарам. Ҳамин тавр ба бародарам ёрӣ мерасонам."

Дар ҳамин ҳол, табиб Фахриддин Ойназаров мегӯяд, дар миёни аҳолӣ ба хусус ҷавонон, бемории бруселлёз ва ё устухондард зиёд ба назар мерасад, ки маҳз аз ҳайвонот ба он сироят мекунад.

Теъдоди аъзами ҷавонони ин минтақа низ ба Русия барои мардикорӣ рафтаанд ва аҳли оилаи онҳо дар қиёс бо дигар ҳамдеҳагонашон зиндагии нисбатан беҳтар доранд ва худро ҷавонони муваффақтар меҳисобанд. Зеро дарёфти маблағи роҳкиро ва ҷойи кор на ба ҳамаи ҷавонон насиб мегаштааст. Аммо Раъно Нуралиева, раҳбари созмони ғайриҳукуматии "Нурафшон"-и Шаҳритус мегӯяд, муҳоҷирати ҷавонон на танҳо хубӣ, балки бадиҳо низ дорад:

"Чанд мушкилоти дигар сар мезанад. Арӯсони танҳо....Занҳояшонро ба маризиҳои ҷинсӣ сироят мекунанд."

Онҳое, ки ба Русия намераванд, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ кор мекунанд, аммо дар ҳамин хоҷагиҳо ҳам аз зироати худ ҳосили хуб ба даст намеовардаанд, зеро ба гуфтаи сокини деҳаи Муродтеппа, шӯршавии замин ва баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ намегузорад, ки ҳосили хубе ба даст ояд. Фахриддин Ойназаров мегӯяд, аз замини бузурге, ки бояд 5 тонна сабзӣ бидиҳад, ҳамагӣ 500 килограмм ҳосил гирифтааст.

Аксари сокинони деҳоти ин ноҳияҳо дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. Аммо ин мушкилот дар муқоисаи дастрасии онҳо ба оби поки ошомиданӣ ҳеҷ менамояд. Сокинони деҳот аз дурии 2 то 7 километр об меоранд ва ғолибан, кашонидани об ба дӯши кудакон вогузор шудааст:

"Бо сатил ва зарфҳои калон об мекашанд. Шаби дароз хоб намераванд ва ҳамаҷояшон дард мекунад. Пул ҳам нест, ки ба онҳо дору бихарем."

Аксари ин ҷавонон бо иллати маҳдудияти шадиди интиқоли нерӯи барқ, аз тамошои телевизору шунидани радио низ маҳруманд ва хабарҳоро танҳо аз даҳони мардум мешунаванд, мардуме, ки дар навбати худ он хабарҳоро аз дигарҳо шунидаанд.
XS
SM
MD
LG