Пайвандҳои дастрасӣ

Аз "ПродЭкспо" бо ду қарордоди нав


Бо ибтикори Маркази байналмилалии тиҷорат, панҷ корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон низ дар баробари беш аз 2,5.00 корхонаву ширкатҳои кишварҳои ҷаҳон дар намоишгоҳи байналмилалии саноати ғизо ва нӯшоба дар шаҳри Маскав ширкат ва маҳсулоти худро муаррифӣ карданд.

Маркази байналмилалии тиҷорат бо пиёда намудани лоиҳае бо номи «Пешбурди Тиҷорат дар Тоҷикистон» мехоҳад, маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева ва сабзавоти кишварро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад ва бо ин дар рушди содироти он аз Тоҷикистон ба кишварҳои берун муосидат намояд. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари намояндагии Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, содироти Тоҷикистон асосан ба пахта ва алюминиюм бино ёфтааст. Дар сурати дастгирии соҳаи коркарди мева ва сабзавот, он ҳам метавонад ба яке аз соҳаҳои содиротии сердаромад барои иқтисоди Тоҷикистон табдил ёбад. Саидмӯъмин Камолов мегӯяд, пешрафти ин соҳа метавонад дигар соҳаҳои кишоварзиро низ ба дунболи худ ба сӯи рушд бибарад:

«Яъне, аз як тараф содир кардани маҳсулоти коркардшудаи меваву сабзавот ҳам талафоти ин навъи маҳсулотро коҳиш медиҳад ва аз ҷониби дигар метавонад барои ба кор даромадани корхонаҳои кишвар ва бо ҷои кор таъмин шудани аҳолӣ, махсусан дар деҳот мусоидат намояд.»

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон иқтидори солона то 200 ҳазор тонна содир кардани ин навъи маҳсулотро дорад. Вале то соли 2006 ба хориҷи кишвар беш аз 38 ҳазор тонна сабзавот ва 20 ҳазор тонна меваҷот содир шудааст.

Ба гуфтаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари Маркази байналмилалии тиҷорат, танҳо ба ду маҳсулоти содиротӣ, яъне пахта ва алюминиюм такя набояд кард, зеро дар сурати коҳиши фавқулоддаи нархи ин масолеҳ дар бозори ҷаҳонӣ ва ё ягон ҳодисаи дигар, он метавонад барои иқтисоди Тоҷикистон пайомади нохуше дошта бошад. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии тиҷорат, тасмим шудааст, ки имконоти ривоҷи соҳаи коркарди мева ва сабзавот дар Тоҷикистон бештар аст ва ҳамин самт бояд дастгирӣ ёбад.

Тибқи иттилоъи Вазорати кишоварзӣ дар кишвар ҳамасола ҳудуди 759 ҳазор тонна сабзавот ва 200 ҳазор тонна меваҷот тавлид мешудааст.
XS
SM
MD
LG