Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши Исломобод ба ҳалли мушкили Ховари Миёна


Вазирони умури хориҷии ҳафт кишвари мусулмон рӯзи якшанбе дар Исломобод авзоъи Ховари Миёна ва роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони фаластиниҳоро баҳс мекунанд. Қарор аст дар дидори вазирони Арабистони Саъудӣ, Индунезӣ, Туркия, Малайзиё, Урдун, Миср ва Покистон ҳамчунин Дабири кулли Созмони Конфаронси Исломӣ Икмолуддин Эҳсоноглу низ ширкат кунад. Ахиран президенти Покистон Парвиз Мушарраф эълом доштааст, барномаеро барои ҳалли мушкили Ховари Миёна омода кардааст ва дар ҳоли пуштибонии кишварҳои мусулмон метавон ин баҳси хунинро, ки солҳост идома дорад, ҳал кард. Мушарраф тафсилоти ин барномаро ифшо накардааст, вале коршиносон мегӯянд, дар омодагиҳо ба интихоботи навбатии Покистон Мушарраф аз масъалаи дардомези мусулмонон сӯиистифода мекунад.


Дар ин байн, подшоҳи Урдун Малик Абдуллоҳ гуфтааст, ҷаҳони араб моил бар ин аст, ки ба хотири бурунрафт аз бунбасти Ховари Миёна фаластиниҳо бояд шартҳои Чаҳоргона (Созмони Милали Муттаҳид, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Русия)ро бипазиранд. Тибқи ин шартҳо ҳамаи ҷиноҳҳои фаластинӣ бояд ҳаққи ҳастии давлати Исроилро қабул дошта бошанд, аз зӯроварӣ даст кашанд ва созишномаҳои қаблиро риоят кунанд. Аммо дар тавофуқи ташкили ҳукумати ваҳдати фаластиниҳо аз тарафи Ҳамос ва Фатҳ танҳо аз эҳтиром гузоштан ба созишномаҳо бо Исроил сухан рафтааст. Берун аз шартҳои Чаҳоргона Амрико ва Исроил бар инанд, ки бояд Ҳамос ҳамчун созмони ситезаҷӯ дар ҳукумат ширкат накунад.
XS
SM
MD
LG