Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ аз маъракаи интихоботӣ норозист


Ҳикматулло Сайфуллозода - масъули бахши таҳлилии Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, аз замони ироаи асноди номзади ҳизб барои дарёфти шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии Фирдавсии пойтахти кишвар бештар аз ним моҳ сипарӣ мешавад, аммо комиссиюн дар ин робита посух намедиҳад. Оқои Сайфуллозода гуфт, чунин кашолкорӣ бо аҳдофи муайян сурат мегирад:

«Дар интихоботҳои миёндавраӣ комиссияҳои ҳавзавӣ аслан фаъолияти лозимаро роҳандозӣ накардаанд. Сухан дар бораи фаъолияти воқеии онҳо ҳаст. Ба ҳамин усул, онҳо давраҳои таблиғотиро маҳдуд месозанд. Ва афзун бар ин, ҳавзаҳои интихоботӣ воқеан дар тасарруфи ҳокимияти маҳаллӣ қарор доранд. Агар не, чаро директори мактаб ҳуҷҷатҳои комиссияи интихоботиро дар кабинети кори худ қабул мекунад на дар он мақарре, ки бояд ба ҳавзаи интихоботӣ муайян шуда бошад.»

Ҳамин манбаъ афзуд, Сайидумар Ҳусайнӣ -номзади ин ҳизб аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсии пойтахт асноди худро ба раиси комиссияи ҳавзавӣ, ки ҳамзамон узви Ҳизби халқӣ-демократӣ ва мудири дабистон будааст, дар утоқи кории вай супоридааст. Аммо то кунун бинои комиссияи ҳавзавӣ, ки тибқи қонун бояд панҷоҳ рӯз пеш аз замони баргузории интихобот муайян ва бо дастуроти зарурӣ таъмин шавад, маълум нашудааст.

Аммо Гулчеҳра Ғаниева - раиси комиссияи ҳавзавии мазкур гуфт, ки ин иддао нодуруст аст ва онҳо дар чаҳорчӯби қонун ба фаъолияти худ шурӯъ кардаанд:

«Дар комиссияи ҳавзавии мо Раис, муовин ва котиб бо аъзоҳо кор карда истодаанд. Қитъаҳои интихоботӣ дар арафаи ташкилёбианд. Ҳуҷҷатҳои номзадҳоро омӯхта истодаем ва рӯзҳои наздик ба онҳо шаҳодатнома хоҳем дод.»

Интихоботи миёндавраӣ дар ду ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон ва як ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе дар рӯзи якуми апрел муқаррар шудааст. То кунун дар ҳавзаи интихоботии Фирдавсии пойтахт аз ҲХДТ номзадии Муҳаммадалӣ Ватанов - муовини пешини раиси Додгоҳи Олӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ҷиҳати ширкат дар ин маърака пешниҳод шудааст.

Дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Кӯлоб номзадии Ҳумиддин Шарифов - вазири пешини корҳои дохила аз ҳизби халқӣ-демократӣ ва Сайидиброҳими Назар аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон номзадии Абдулқодири Ҳасанпур-раиси бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзати исломӣ пешниҳод шудаанд. Аҳзоби дигари сиёсии Тоҷикистон бо далоили мухталиф аз иштирок дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаҳои холишуда сарфи назар кардаанд.
XS
SM
MD
LG