Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози омодагиҳо ба "Парасту - 2007"


СД

Дар Тоҷикистон мавсими омодагӣ ба озмуни театрҳои касбии «Парасту» шурӯъ шуд. Бо амри Вазорати фарҳанги кишвар дар ин озмун, ки аз 23 то 31 марти соли равон давом мекунад, 15 театри касбӣ аз чаҳор минтақаи Тоҷикистон ширкат меварзад.


Манасим Мадёров, мутахассиси шӯъбаи санъати Вазорати фарҳанг ба Озодӣ гуфт, «Парасту» дар ду сол як бор баргузор мегардад ва маблағи тӯҳафи он ва ҷоизаҳо дар бастагӣ ба таварруми пулӣ пайваста меафзояд.


Исо Абдурашидов, раиси театри ҷумҳуриявии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ мегӯяд, «Парасту»- ҳамакнун ягона озмуни ҷумҳуриявии касбӣ барои ҳунармандони кишвар аст, ки дар он театрҳои тоҷик миёни ҳам рақобат мекунанд. Ин дар мавридест, ки театрҳои касбӣ, ки дар музофот муфлис шудаанд ва дар бархе маврид ҳатто саҳна ва бинои театрӣ надоранд, ҳатман дар ин озмун ширкат мекунанд.


Дар тӯли сол дар кишвар бидуни озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» барои нахустин бор ду озмуни байнулмилалии театрҳои касбӣ мутаносибан дар моҳи апрел ва октябр баргузор мегардад, ки дар он театрҳои касбии Тоҷикистону Русия, Ӯзбакистону Қирғизистон ва Қазоқистону Чину Покистону Ирон ширкат хоҳанд кард.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG