Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Домоди Назарбоев: Австрия - роҳи гурез аз ҷанҷол?


Моҳи равон номи Роҳат Алиев борҳо дар сархатти рӯйдодҳои муҳими Қазоқистон зуҳур намуд. Алиев бо рабудан ва латту кӯби ҳадди ақалл як раҳбари бонки қазоқӣ муттаҳам шуд. Алиев ин иддаоро рад мекунад, вале дар ин байн ӯ аз вазифаи муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ барканор гашта, ба мансаби сафири Қазоқистон дар Австрия таъйин шуд. Ин бори аввал нест, ки дар паи ҷанҷолҳои сер сару садо Алиев ба Австрия фиристода мешавад.

Роҳат Алиеви 44 сола шавҳари Дариға, духтари аввали президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мебошад. Аз рӯи касб Алиев табиб аст, вале дар мақомҳои раҳбарии полис, амнияти миллӣ, хадамоти амниятии президенти Қазоқистон, раиси Кумитаи олимпии ин кишвар ва мансабҳои дипломатӣ ифои вазифа кардааст. Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Қазоқистон корномаи Алиевро ҳамчун намунаи хешу қавмпарастӣ ёд мекунанд.

Одатан ҳамин гурӯҳҳо ҳангоми зикри ҷанҷолҳои гуногун домоди аввали президент Назарбоевро бо доштани нақши асосӣ муттаҳам менамоянд. Тибқи айбномаи ахир, ки дар саҳифаи баъзе нашрияҳои Қазоқистон ба табъ расидааст, Алиев раҳбари «Нурбонк» Абилмаҷан Гилимов ва муовини ӯ Жолдас Тимралиевро ба музокирот даъват намуда, онҳоро дар давоми 24 соат нигаҳ дошт. Дар мақола омадааст, ки дар ин муддат онҳоро ба фурӯхтани саҳмияҳояшон дар яке аз биноҳои шаҳри Алмаато маҷбур карданд.

Баъди ғиёби 24 соата Тимралиев ба хона баргашта ба ҳамсараш Ормонгул Қапашева дар бораи ҳаводиси аз сар гузаронидааш иттилоъ додааст. Рӯзи баъд хадамоти андоз ӯро ба мулоқот даъват кард, вале аз он замон Тимралиев дар самти номуайян ғайб задааст. Қапашева мегӯяд, ки шавҳараш ба ӯ гуфтааст, тамоми шаб ӯро ба абзори тамрин занҷирбанд намуда, имкон надоданд, хоб равад ва худи Роҳат Алиев ӯро латту кӯб кардааст.

Бо машварати вакили мудофиа Назира Бозорбоева, ҳамсари Абилмаҷан Гилимов дар бораи иттиҳомот рӯи Алиев чизе нагуфт, вале иброз дошт, ки шавҳари ӯро латту кӯб накардаанд. Баъди мулоқот бо Алиев ҳар ду раҳбари "Нурбонк" ба истеъфо рафтанд ва ҳоло мақомоти Қазоқистон онҳоро бо фасод ва аз ҷумла интиқоли ғайриқонунии шашу ним миллион доллар муттаҳам мекунанд. Бар илова, Алиев Қапашева ва Бозорбоеваро бо тавҳини шараф ва тӯҳмат айбдор мекунад. Вале Қапашева сар хам карданӣ нест:

" Ба фикрам ман гунаҳгор нестам. Ҳар чизе гуфтаам рост аст. Агар Роҳат Алиев мегӯяд, ки ин дурӯғ аст, ӯ бояд шавҳари маро баргардонад ва имкон диҳад, ки шавҳарам худаш гӯяд, ки гуфтаи ман дурӯғ аст. Баъд аз он ман эътироф мекунам, ки гуноҳ аз ман аст."

Алиев ҳамчунин расонаҳоеро, ки изҳороти Қапашеваро нашр кардаанд, ба додгоҳ кашидааст.
Сардабири рӯзномаи "Свобода Слова" Гулҷон Эргалиева иттилоъ дод, ки аз ӯ хостаанд, ба хотири нашри паёми кушодаи Қапашева ба президент Назарбоев дар саҳифаҳои нашрияаш маъзарат хоҳад.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, Эргалиева таъкид кард, ки рӯзнома ягон қонуну дастурро пушти по накардааст:

"Иттилоъи хабар дар бораи рӯйдодҳо ҳаққи матбуот аст. Дар ин қазия паёми Ормонгул Қапашева унвонии президент буд. Дар ин ҷо кадом қонуне вайрон нашудааст. "

Вале нӯҳуми феврал замоне, ки ин ҷанҷол авҷи бештар мегирифту бар зидди даъвогар идаои ҷавобӣ садо дод, Роҳат Алиев бори дуввум сафири Қазоқистон дар Австрия таъйин шуд. Бори аввал дар соли 2002-ум дар арафаи ташкили гурӯҳи мухолифи ҳукумати бо номи Интихоби демократии Қазоқистон Алиев сафири Қазоқистон дар Австрияву САҲА таъйин шуда буд.

Тибқи гузоришҳо гурӯҳи мазкур, ки аз соҳибкорону сиёсатмадорони сарватманду ҷавон иборат буд, нақшаи аз сари қудрат дур кардани Нурсултон Назарбоевро тарҳрезӣ менамуд. Алиев ба Австрия рафт, вале ҳамраисони ин созмон собиқ волии вилояти Павлодар Галимҷон Жакиянов ва собиқ вазири энергетикаи Қазоқистон Мухтор Аблязов бо сӯиистифода аз мансаб ва фасод ба ҳабс гирифта шуданд. Ба назар мерасад, ки ин дафъа ҳам то замони хомӯш шудани ҷанҷол Алиев дур аз саҳнаи сиёсии Қазоқистон дар Австрия боқӣ мемонад. Ҳарчанд ки расман ӯро барои ташвиқи пуштибонӣ аз Қазоқистон ба он ҷо фиристодаанд. Президент Назарбоев саъй дорад, ки раҳбарии даврии САҲА ба ин кишвар тақдим шавад.
XS
SM
MD
LG