Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду пурсиши "махфӣ" аз Шумо


Хитоб ба шунавандагони барнома ва хонандагони сомона

Пеш аз онки ба таҳияи барномаи навбатӣ пардозем, мехоҳем, бо Шумо, муштарии арҷманд, машварате кунем. Бовар кунед, интихоби мавзӯъ барои барномаи "Ҳамнафас" ҳамеша як кори душвор ва машаққатовар аст. Ҳар қадар, ки бештар кор мекунем, ҳамон қадар мавзӯъҳои хубу ҷолиб камтар мешаванд. Ва ё мавзӯъҳои аҷибу ғариби наве ба миён меоянд.

Барои ёфтани мавзӯъи хуб, ҳамеша Тоҷикистон ва зиндагии ҳаррӯзаи Шуморо пеши назар меорем. Барқ нест, газ нест, нархҳо то рафт ба Мирриху Аторуд мерасанд, ҳаво сард ва нақлиёт хуб намегардад...

Оё ба касоне ки дар чунин шароит зиндагӣ мекунанд, чи мавзӯъе форам хоҳад буд? Магар хуб аст, ки дар сармои зимистон мо аз кишварҳои гарми африқоӣ бигӯему дар сахтиҳои рӯзгор аз бахту хушбахтӣ?

Биноан, пешниҳоди ман ин аст, ки Шумо ба мо мавзӯъ пешниҳод кунед. Чунончи, бонуи Гуландом, як хонандаи ин сомона боре таваҷҷӯҳи моро ба мавзӯъи ҷолибе равона кард. Ва ё дӯсти ман Маҳмадраҳим аз Мирний ба ҷанбаи нокушудаи мавзӯъи дигаре ишора намуд.

Аммо дар ин байн, то он замоне ки Шумо мавзӯъи дилхоҳи худро ба мо менависед, мо думболи он меравем, ки оё чӣ хабарҳое ба мардуми мо писанд аст. Хабарҳое дар бораи таҳаввулоти сиёсӣ, инқилобу табаддулот, садамаву офат, қатлу куштор ва ё ахборе дар бораи шигифтиҳои табиат, саргузашти инсонҳо, рӯҳу равоншиносӣ, ҳунар ва адаб ва ё равобити миёни одамон? Инҳоро дар илми хабарнигорӣ хабарҳои сахт ва нарм унвон кардаанд. Пас оё мардуми мо бештар хабарҳои сахтро меписандад ва ё нармро?

Ин як пурсиш ва суоли дигар инки Шумо оё ба қиссаҳои кӯчабоғии нашрияҳои Тоҷикистон бо мавзӯъҳои рақобати келин ва модарарӯс, худкушии ошиқи ноком, ишқварзии номашрӯъи котиба бо раис, чашми бади бародари шавҳар ба арӯси нозанин, ба як ҷавон ошиқ шудани ду духтар ва монанди инҳо чӣ назар доред? Оё мехонед? Ба хотири чӣ?

Тавре дарёфтед, мавзӯъи барномаи навбатии мо шояд ҳамин хабарҳои писандида ва мақолаҳои кӯчабоғӣ дар ҳаёти тоҷикон бошад, агар ба шарте Шумо низ фикри худро иброз доред ва дар баррасии он кӯмак кунед.

Номаҳои шавқангези Шуморо бо беқарорӣ интизор хоҳем буд, аз тариқи нишониҳои Hamnafas@rferl.org ва ё Tajik@rferl.org ва ё бо Aioubovs@rferl.org ва бовар дошта бошед, ба ҳеч номае бетаваҷҷӯҳӣ нахоҳад шуд. Ҳамчунин навиштани мавзӯъҳои пешниҳодии худро низ фаромӯш кунед.

Бо саломҳои гарм
Ҳамнафаси Шумо
XS
SM
MD
LG