Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳзода Ҳаррӣ Ироқ меравад


Шоҳзодаи Бритониёро майдони ҷанг мефиристанд

Вазорати дифои Бритониё эълон кард, ки шоҳзода Ҳарри ба Ироқ барои адои хизмати сарбозӣ хоҳад рафт.

Ҳаррӣ писари 22-солаи шоҳзода Чарлӣ, фарзанди хурдии шоҳзодахонум Диана ва вориси сеюми тахти шоҳии Бритониё мебошад.

Ҳаррӣ аввалин шоҳзодаи бритониёӣ мешавад, ки тайи 25 соли охир ба ҷабҳаи ҷанг хоҳад рафт.

Вай соли 2006 Академияи шоҳии низомии Бритониёро хатм карда ба унвони як раҳбари гурӯҳи муқаддамотии низомӣ ба Ироқ хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG