Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯш мубориза бо қочоқи инсонро баррасӣ мекунанд


Фардо 24-уми феврал дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳамоиши минтақаӣ оид ба мубориза бо қочоқи инсон баргузор мешавад.


Дар ин нишаст намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматию мақомоти давлатию ҳифзи ҳуқуқ аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистон, ки дар роҳи мубориза ва ҷилавгирӣ аз харидуфурӯши инсон фаъолият мебаранд, ширкат меварзанд.


Ба иттилои хабаргузории АКИпресс, иштирокдорони ҳамоиш масоили густариши равобити миёни созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ғайриҳукуматӣ, мақомоти давлатию интизомӣ дар ҷодаи мубориза бо қочоқи инсон ва мубодилаи иттилоотро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.


Масъалаи қочоқи инсон барои Тоҷикистон низ беаҳамият нест, тайи солҳои ахир мақомоти интизомии кишвар бо иттиҳоми харидуфурӯши инсонҳо чандин парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Танҳо дар 10 моҳи соли гузашта Созмони ҷаҳонии муҳоҷират 60 шаҳрванди қочоқшудаи Тоҷикистонро аз Аморати Араб ба ватан баргардонид.
XS
SM
MD
LG