Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз ҳамлаи баҳории Толибон


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер дар Кобул бо мақомоти аршади Афғонистон ва фармондеҳони нирӯҳои кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) мулоқот кард. Гуфта мешавад, ӯ ҳамчунин ба минтақаҳои Афғонистон низ сафар хоҳад дошт. Сафари ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки як фармондеҳи ҷунбиши Толибон, ба номи Мулло Додуллоҳ гуфтааст, зиёда аз 6 ҳазор нафар аз мусаллаҳони ин ҷунбиш дар Афғонистон мавзеъ гирифтаанд, то "зидди ҳукумат ва нирӯҳои хориҷӣ" амалиёт анҷом диҳанд.

Сухангӯи нирӯҳои таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон гуфт, Толибон дастикам дар 5 вилояти Афғонистон -- Ҳилманд, Фароҳ, Орузгон, Қандаҳор ва Ғур ба ҳамла омодагӣ мегиранд.

Дар ҳамин ҳол вазири дифоъи Австралиё Брендон Нелсон гуфтааст, кишвараш нирӯҳои худро дар Афғонистон, ки ҳоло ҳамагӣ 500 нафаранд, зиёдтар хоҳад кард. Вай афзуд, аз ҳамлаи баҳории Толибон дар ташвиш аст.
XS
SM
MD
LG