Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чернобилчиёни тоҷик соҳибимтиёз гардиданд.


Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ахиран барои нахустин бор Қонун дар бораи таъмини иҷтимоии шаҳрвандонеро қабул кард, ки бар асари садама дар ниругоҳи ҳастаии Чернобил осеб дидаанд. Ба гуфтаи узви Маҷлиси Миллӣ Мамадшо Илолов дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 2150 иштирокдори рафъи пайомадҳои садамаи Чернобил сабтином шуда, беш аз нисфи ин шумор маюбони гурӯҳҳои мухталиф будаанд. Ба ҷуз ин аъзои палатаи болоии парлумон барои мавриди иҷро қарор гирифтани 20 қонуни дигар фатво дод.
XS
SM
MD
LG