Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти "Ориёно" аз тими мизбон - "Ишқобод"


Ин бозӣ шоми 21 феврал дар варзишгоҳи Олимпии пойтахти Туркманистон баргузор шуд. Дидор Ҳоҷиев, бозигари тими мизбон дар дақиқаи 11-ум аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард. Қисми дувуми бозӣ бо ҳуҷуми меҳмонон шурӯъ шуд. Ва дар дақиқаи 49-ум ба ҳамлагари «Ориёно» Давронҷон Тухтасунов муяссар гашт, ки ҳисобро баробар намояд. Вале баъдан (дар дақиқаҳои 53-ум ва 57-ум) бозигарони туркман Никон Носиров ва Вячеслав Кренделов ду гол ба самар расонданд.

Як бозии дигари даври аввали ин мусобиқа дар варзишгоҳи «Нисо»-и Ишқобод байни тимҳои «Ворскла»-и Полтаваи Укроин ва «Электрик»-и Бангкоки Тайланд бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хотима ёфт.

Мурод Сатилов, дабири кулли Федеросиюни футболи Туркманистон ба радиои Озодӣ гуфт, сездаҳумин давраи Ҷоми Туркманбошӣ то рӯзи 1 март идома хоҳад кард. Вай афзуд, дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти имсола даҳ даста аз Туркманистон, Ирон, Арманистон, Укроин, Тайланд, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркия дар се гурӯҳ барои дарёфти ҷоми аввалин раиси ҷумҳури Туркманистон мубориза мебаранд. Аз ҷумла, тимҳои «Ориёно», «Ишқобод»,«Ворскла»-и Полтава ва «Электрик»-и Бангкок ба гурӯҳи «А» дохиланд. Бозии дувуми «Ориёно» 23 феврал бо тими «Ворскла» ва 25 феврал бо тими «Электрик» баргузор мешавад.

Бар асоси низомномаи ин мусобиқа ғолиби гурӯҳи «А» ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбад. Дастае, ки дар ин гурӯҳ мақоми дувумро касб мекунад, барои ҷойи севум талош хоҳад кард. Дастаҳои ғолиби гурӯҳҳои «Б» ва «В» байни худ барои роҳхат ба бозии ниҳоӣ мубориза мебаранд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG