Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифати Русия ба таҳримҳои нави зидди Эрон


УХ

Сафири Русия дар СММ масъалаи манфиатнокии таҳримҳои бештарро болои Эрон зери суол бурд. Виталий Чуркин гуфт, ки ҳадаф пайдо кардани роҳҳали дипломатии ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эрон мебошад. Ӯ дар ҳоле сӯҳбат мекард, ки дирӯз Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаии СММ бо нашри гузориши нави худ гуфт, ки Эрон дар роҳи риояи зарбулаҷали хатми фаъолиятҳои ғанисозии ураниум то таърихи 21 феврал ноком шуд.


ИМА, Бритониё ва Фаронса хоҳони таҳримоти бештар болои Эрон ҳастанд, ки илова ба таҳримҳои 23 декабри соли гузашта ҷоришудаи Шӯрои амнияти СММ қабул шаванд. Рӯзи душанбе, 26 феврал Олмон ва мақомоти панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ, ки дорои ҳақи ветогузорӣ ҳастанд, яъне ИМА, Русия, Чин, Бритониё ва Фаронса, бояд дар Лондон барои баррасии тарҳи қатъномаи таҳримҳои ҷадид болои Эрон мулоқот кунанд. Эрон мегӯяд, ки хоҳони музокира бо ИМА ва Иттиҳоди Аврупо аст ва дар айни замон пешшарти хатми фаъолиятҳои ғанисозиро намепазирад. Теҳрон иддао дорад, ки барномаи ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомез дорад
XS
SM
MD
LG