Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳануз роҳ барои музокироти Ирон боз аст


НХ

Кондолза Райс-Вазири хориҷаи Амрико имруз гуфт, кишварҳои бузурги ҷаҳон ба нақша гирифтаанд, барои қатъи ғанисозии урониюми Ирон ба ин кишвар пешниҳод кунанд, ки тибқи қатъномаи Шурои Амнияти (ША) СММ Ирон аз ғанисозии урониюм даст кашад. Хонум Райс ин нуктаро дар Берлин баъд аз мулоқоташ бо вазирони умури хориҷаи Олмону Руссия ва Ҳовиер Солана-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо изҳор дошт.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар сурати саркашии Ирон аз иҷрои қатъномаи ША чӣ тадобир бояд ба мавқеъи иҷро дарояд. Ба унвони тадбири нахуст хонум Райс гуфт, дар ин мулоқот ҷонибҳо таъйид кардаанд, ки роҳҳои мавҷударо истифода мекунанд, то ША ба ҳадафи худ бирасад ва ҳадафи ША ҳам ин аст, ки Ирон барои қатъи ғанисозии урониюм бояд бар сари мизи музокирот баргардонида шавад. Хонум Райс афзуд, ин ҳадафи муштарак аст ва онҳо Иронро ба ин кор ташвиқ мекунанд.

Тонӣ Блэр-нахуствазири Бритонё низ як рузи пеш мисли хонум Райс гуфт, роҳҳои дипломатӣ ягона роҳи ҳалли масъалаи буҳрони ҳастаии Ирон ба шумор меравад. Оқои Блэр афзуд, вай дар бораи нақшаи ҳамла ба Ирон чизе намедонад ва намедонад, ки касе дар Вошингтон барои ҳамла ба Ирон нақшае кашида бошад. Вай ин ҳарфҳоро бардуруғ арзёбӣ кард.

Ҳавиер Солана-масъули бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, то ҳол роҳ барои музокироти Ирон боз аст. Вай афзуд, ба назари вай, касе дар бораи амалиёти низомӣ суҳбат накардааст. Бо вуҷуди ин, воқеъияти ҳол ин аст, ки Ирон муҳлати 60 рузаи пешниҳодкардаи ША СММ-ро риъоят накардааст ва ҳамоно ғанисозии Урониюмро идома медиҳад. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Ирон низ имруз бори дигар изҳор дошт, ки Ирон тавлиди нируи ҳастаиро ҳақи мусаллами худ медонад ва аз ғанисозии урониюм даст намекашад, зеро он ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад.

Бо назардошти ин, акнун Ожонси байналмилалии Энержии ҳастаии вобаста ба СММ дар гузориши худ хоҳад гуфт, ки Ирон қатъномаи 1737-и ША дар мавриди қатъи ғанисозии урониюм иҷро накардааст ва мумкин аст Ирон тибқи моддаҳои ин қатънома ба таҳримҳои байналмилалӣ ру ба ру шавад. Нуктаи дигар низ вуҷуд дорад ва он ин аст, ки оё Чин ва Руссия аз ин таҳримҳо ҷоибдорӣ хоҳанд кард ё хайр?
XS
SM
MD
LG