Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Рушди Осиё ва тарҳи интиқоли Тоҷикистон ба Афғонистон


Бонки осиёии рушд барои эҳдоси як хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон беш аз 21 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дод. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон дар маросими имзои созишнома миёни Вазорати молия ва намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон гуфт, гуфтугузор сари эҳдоси хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон чандин сол ба ин сӯ идома дошт. Вай афзуд, он аз дигар пружаҳое, ки Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон пиёда мекунад, фарқи ҷиддӣ дорад. Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ин қабл аз ҳама як пружаи минтақавӣ аст ва қаблан Тоҷикистон мехост, ки ба ин пружаи энержӣ кишварҳои Қирғизистону Ӯзбакистон низ ҷалб бишаванд, аммо то ба имрӯз музокирот сари ин пружа идома доранд.


Тибқи иттилоъи Вазорати молия, барои ба охир расонидани қисмати хатти баландшиддати барқ, ки 220 киловолт зарфият хоҳад дошт, дар ҳудудҳои Тоҷикистон 54 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Дар маҷмӯъ, барои пружаҳои энержӣ дар кишвар ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 500 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва маблағҳои дохилиро ҷалб намудааст.


Нираҷ Ҷейн, раҳбари намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз мусоидат ба ин қабил пружаҳои минтақавӣ фароҳам сохтани шароит барои рушди ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ин кор бар зарари мардуми Тоҷикистон набуда танҳо барқи изофиест, ки дар фасли тобистон тавлид мешавад. Ва ҳар вақт ки барқи изофӣ барои тамоми сол пайдо шуд, интиқоли барқ низ ба хориҷи кишвар тамоми сол сурат хоҳад гирифт. Оқои Ҷейнс гуфт, бо мусоидати Бонки осиёии рушд ба пружаи хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳамчунин Бунёди ОПЕК 8 миллион ва Бонки Исломии Рушд 10 миллион доллари амрикоӣ тахсис додаанд. Вай гуфт, саҳми ширкати «Барқи тоҷик» дар ин пружа 14 миллион доллар аст.


Ба таъйиди Нираҷ Ҷейн, раҳбари намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон, масъули эҳдоси пружаи хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон низ ширкати «Барқи тоҷик» хоҳад буд. Тибқи иттилои Бонки осиёии рушд, беш аз 21 миллион доллар қарзи ин муассиса ба Тоҷикистон дарозмуддат буда, бо имтиёзи 1 фисад дар 8 сол ва якуним фисад дар боқӣ 24 сол баргардонида мешавад. Қарор аст дар соли 2010 сохтмони хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон анҷом ёбад.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG