Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон аз дунболи Русия: Тоҷирони тоҷикро аз бозорҳои Бишкек ҳам пеш мекунанд.


«Миллат» бо нашри хабари таъсиси ҳаракати оппозитсионии «Ватандор» аз сӯи Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи фирории «Чароғи рӯз» ва яке аз мухолифини ҳукумати феълии Тоҷикистон, ба таҳқиқи ҳақиқати ин хабар пардохтааст. Ба назари нашрия, эъломи таъсиси ҳаракати оппозитсионии тоҷик унвонии «Ватандор» «таблиғ»-и навбатии номи худ аз сӯи Додоҷони Атовулло, ба хотири дарёфти гранти созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Зеро ба эътиқоди муаллифи матлаб, феълан, дар Тоҷикистон заминаи инқилобҳои ранга мавҷуд нест ва низ оқои Атовулло он қадар ҷонибдор надорад, ки қодир ба амалӣ кардани инчунин инқилоб бошад. Ҳамзамон, бо истинод ба мақомоти марбутаи Тоҷикистон нашрия навиштааст, ки дар шаҳри Маскав ҳеҷ гуна ҷаласаи муассисони ҳаракате бо номи Ватандор доир нашудааст. Аммо дар мавриди чеҳраи Додоҷони Атовулло менависад, ки ӯ дар назди бузургсолон ва ҳамсолонаш эътимодро аз даст дода ва низ дар назди ҷавонон муаррифӣ нашудааст.

«Азия плюс» навиштааст, ки дар чанд соли ахир нахи пунбаи Тоҷикистон бо стандарти пунбаи ӯзбакӣ дар хориҷ фурӯхта шуда солона буҷаи кишвар садҳо ҳазор долларро осон аз даст медиҳад. Ба навиштаи муаллиф, ин дар ҳолест, ки мутахассисон ва харидорон мегӯянд, сифати нахи пунбаи тоҷик дар миқёси кишварҳои Шӯравии собиқ беҳтарин аст. Аммо ба ақидаи онҳо, стандарти ӯзбакӣ баҳои нахи пунбаи тоҷикиро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба маротиб коҳиш медиҳад. Нашрия навиштааст, ки Тоҷикистон ҳар сол ҳудди 500 ҳазор тонна нахи пунба тавлид ва бахши аъзами онро содир мекунад ва аслан пунбаи тоҷик бо баҳои биржаи Ливерпул фурӯхта мешавад. Барои мисол, менависад муаллиф, дар соли 2006 Тоҷикистон аз поин рафтани нархи пунба дар ин биржа 48 миллион долларро аз даст додааст. Ва аммо меафзояд осонтар он аст, ки дар чаҳор миллион доллар стандарти давлатиро харидорӣ карда аз содироти пунба манфиати бештар ба даст овард.

Нашрияи «Собития» навиштааст, дар ин авохир мири шаҳри Маскав қароре ба тасвиб расонд, ки то интиҳои соли 2007 яке аз бозорҳои бузури ин шаҳр Черкизов баста мешавад. Ва афзудааст, ки бар тибқи иттилои бунёди «Тоҷик диаспор» феълан, дар ин бозор ҳудуди 10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор фаро гирифта шуданд. Ва аммо масъулини ин бунёд кафолат додаанд, ки чун ин бозор ба ҷои дигар кӯч дода мешавад, мо ин теъдод муҳоҷирини меҳнатии кишварро дар бозори нав ба кор таъмин мекунем.

Ва ҳамзамон нашрия хабари дигареро нашр кардааст, ки ба муҳоҷирини меҳнатӣ робита дорад. Ба қавли «Собития», ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтаст, ки шурӯъ аз якуми апрели соли ҷорӣ ҳама хориҷиёне, ки дар бозорҳо ва нуқтаҳои тиҷоратии ин кишвар фаъолият доранд, аз кори худ маҳрум кунад. Ҷои онҳоро шаҳрвандони бекори Қирғизистон хоҳанд гирифт. Бо истинод ба мақомоти марбутаи ин кишвар нашрия навиштааст, ки феълан дар Қирғизистон ҳудуди 10 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ, асосан аз Чин, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба тиҷорат машғуланд, ки танҳо 3 ҳазори онҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷорат дар ин кишвар иҷоза доранд.

Нашрияи «Тоҷикистон» ба мавзӯъи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар Русияро даст зада навиштааст, Юрий Лужков, мири шаҳри Маскав дар як сӯҳбати телевизиониаш ба тасмими он ки хориҷиён аз бозорҳои шаҳр берун карда шаванд, эътирози шадид кардааст. Ӯ гуфтааст, ки набояд шаҳрвандони хориҷӣ аз бозорҳои Маскав ронда шаванд, зеро дар ин бозоррҳо 50 дарсади нуқтаҳои тиҷорат барои кишоварзону фермерҳо муайян шудааст, аммо онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ фурсати дар бозор нишаста тиҷорат кардани фаровардаҳои кишоварзии худро надоранд. Вале гуфтааст, ин муҳоҷирин бояд ҳатман сабти ном шуда бошанд.

Ва ҳафтаномаи «Факти и комментари» бо истинод ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар сӯҳбати телефонӣ масъалаи эҳёи корҳо дар нирӯгоҳи барқи обии Роғунро баррасӣ кардаанд. Дар ин сӯҳбат ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар бстагӣ ба нирӯгоҳи мазукр роҳҳои нави ҳамкорӣ бояд мавриди амал қарор бигирад. Вале менависад посухи Путин дар ин маврид муайян нест. Ва аммо муовини сарвазири Русия гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ барои сармоягузорӣ дар хориҷи кишвар ба назар гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол нашрия тахмин задааст, ки эҳтимол посухи Путин ба пешниҳоди Тоҷикистон ҳамин бошад.
XS
SM
MD
LG