Пайвандҳои дастрасӣ

"Нерӯи Сухан" дубора чоп мешавад


Масъулини Пулиси андози Тоҷикистон мӯҳри манъи фаъолиятро аз дари чопхонаи «Кайҳон» дар Душанбе, ки «Нерӯи Сухан»-ро чоп мекард, бардоштаанд. Фаъолияти ин чопхона дар тобистони ду соли пеш ба иллати надоштани муҷаввизи чопи нашрия ва напардохтани маблағи истифодаи қувваи барқ аз сӯи ходимони идораи андоз мутавақиф шуда буд. Аммо дар он замон бештари коршиносон бар ин назар буданд, ки ҳадафи манъи фаъолияти ин чопхона аз нашр боздоштани ҳафтаномаи мустақили «Нерӯи Сухан» аст, ки ба далели интиқоди ҳукумат чопхонаҳои кишвар аз чопи он парҳез мекарданд.


Мухтор Боқизода, раиси чопхонаи «Кайҳон» ва сардабири нашрияи тавқифшудаи «Нерӯи Сухан» гуфт, давоми ду сол онҳо ба ҳама ниҳодҳои зисалоҳи ҳукумат минҷумла дастгоҳи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан ба худи президент ҷиҳати рафъи мушкилоти пешомада муроҷиат карданд. Ба таъйиди оқои Боқизода, ҳама аснод ва далоили пешниҳодкардаи чопхонаи «Кайҳон» мавриди таҳлил ва омӯзиши амиқи мақомот қарор гирифт ва онҳо ҳеҷ амали хилофи ойиннома ва фаъолияти ғайриқонуниро ошкор накардаанд. Дар ниҳояти амр, ходимони Пулиси андоз бо дастони худ ин мӯҳрро канда ва барои фаъолияти чопхона иҷоза додаанд.


Мухтор Боқизода, сардабири «Нерӯи Сухан» таъкид кард, ки барои азсаргирии нашри ҳафтаномаи «Нерӯи Сухан» низ кадом мушкилоте бо мақомоти давлати Тоҷикистон боқӣ намондааст. Ва бо аз даст додани имкони молӣ ӯ метавонад ба чопи дубораи «Нерӯи Суха»н оғоз кунад.


Ҳафтаномаи «Нерӯи Сухан» аз оғози соли 2003 ба фаъолият оғоз карда бо чопи матолиби интиқодӣ аз амалкарди ҳукумат ва бархе аз мансабдорони давлат дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз пурхонандатарин рӯзномаҳои кишвар табдил ёфт. Вале баъди бештар аз як соли фаъолият ба таъйиди коршиносон чопхонаҳои Тоҷикистон ба хотири парҳез аз фишори мақомоти махсус аз нашри он даст кашиданд. Аммо Мухтор Боқизода бо итминон гуфт, бо дарёфти маблағи зарурӣ фаъолияти нашрияи «Нерӯи Сухан»-ро бо рӯҳияи пешин идома хоҳад дод.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG