Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як узви гурӯҳи Ризвон дар Рашт


МШ

Додситонии ноҳияи Рашт Файзулло Умаров ном сокини ин ноҳияро, ки гуфта мешавад, узви гурӯҳи Ризвон Содиров будааст, бо иттиҳоми як куштор дар солҳои нооромӣ боздошт кардааст.


Низомиддин Саидов, муфаттиши додситонии Рашт дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, боздоштшуда соли 1995 дар куштори Қарчиев Туйчи ном корманди раёсати кишоварзии Рашт муҷрим дониста мешавад. Ҷаноби Саидов ба Озодӣ гуфт, дар мавриди ин ҳодиса ҳанӯз соли 1995 парвандаи ҷиноӣ боз шуда будааст. Ҷаноби Саидов доир ба ҷузъиёти ин ҳодиса гуфт, силоҳбадастон Туйчӣ Қарчиевро аз трактор фароварда сарашро аз тан ҷудо мекунанд ва аз ҷои ҳодиса гайб мезананд.


Муфаттиши додситонии Рашт мегӯяд, тафтишот идома дорад ва афроде, ки дар ин ҷиноят даст доштаанд, ба руйхати авфшудаҳои собиқ размандагони нерӯҳои мухолифин шомил нестанд.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG