Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арғунуни бидуни муғаннӣ


Дар Осиёи Марказӣ танҳо дар ду кишвар, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ин сози мусиқиро мешавад пайдо кард. Аммо садои арғунуне, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, 17 сол инҷониб ба гӯш намерасад ва дар кунҷи толори торики Донишкадаи ҳунарҳои зебоӣ Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе ба кунҷи фаромушӣ рафтааст.

Абӯбакр Зубайдов, декани шӯъбаи мусиқии донишкадаи ҳунарҳои зебо мегӯяд, замони ноамниҳо дар кишвар бархе аз нафарони номаълум қисматҳои мураккаби ин сози нодирро талаву тороҷ карданд, ки ин боиси аз кор баромадани арғунун гаштааст.

«Ҳамин асбоби нодир имрӯз аз кор баромада ва созаш низ вайрон шудааст. Барои таъмиру барқарор кардани ин асбоб маблағи зиёд зарур аст, зеро барои ин кор мутахасиссонро аз хориҷи кишвар даъват кардан лозим меояд.»

Оғои Зубайдов ба ёд меорад, ки арғунунро ҳанӯз дар соли 1978 мутахассисони чехӣ дар ин донишкада насб карданд ва нахустин нафаре, ки ин сози мусиқиро навохт, Дилбар Валаматзода буд ва баъдан шогирди ӯ Зулфия Халилова ин пешаро идома медод. Вале пас аз он ки Зулфия Халилова барои сукунат кишвари Олмонро интихоб кард, Тоҷикитсон дигар мутахассиси арғунуннавоз надошт ва то кунун низ надорад. Чун он солҳо ин асбоби мусиқӣ барои Осиёи марказӣ нав буд, барои тайёр кардани мутахассисони бештар фурсат нарасид, мегӯяд оғои Абӯбакр Зубайдов:

«Созро мо насб кардем ва тайёр кардани мутахассисон вазифаи нав буд. Мо корро нав шурӯъ кардем, вале ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуду дигар на омӯзгор монд ва на мутахассис.»

Ба қавли Абӯбакр Зубайдов, барои таъмир ва дубора барқарор кардани арғунун маблағи зиёд лозим аст, ки мутаассифона чунин маблағро имрӯз ҳукумати кишвар ҷудо карда наметавонад. Аммо дар ҳамин ҳол, Талаб Сатторов, раҳбари консерваторияи миллии Тоҷикитсон мегӯяд, ҳатто агар ин арғунун коршоям гардад, дар донишкадаи ҳунарҳои зебоӣ қобили истифода нахоҳад буд, зеро дар ин муассиса мутахассиони ин соз омода намешавад. Аз ин рӯ Талаб Сатторов кӯшиш дорад, бо кӯмаки ҳукумати кишвар ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар назди бинои консерватория як толори махсусро барои насби ин асбоб бунёд ва арғунуни нав харидорӣ кунанд:

«Ҳалли ин масъала кори як рӯзаву дурӯза нест ва ман фикр мекунам ки ин мушкил ҳатман ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Бояд дар маркази шаҳр ва ё дар консерваторяи ягон толоре барои арғунун муҳаё карда шавад. Ба мо мутахассисони чехӣ аллакай барои овардани арғунун кӯмаки худро пешниҳод кардаанд, вале ҳоло дар мадди аввал бояд масъалаи толор меистад.»

Талаб Сатторов ҳамчунин гуфт, имсол онҳо барои омӯзиши арғунун яке аз хатмкардаҳои консерваторияро ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон хоҳанд фиристод.
XS
SM
MD
LG