Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯши дил, шуш ё гурда?


Ахиран, порлумони кишвар қонун дар бораи фурӯш ва пайванди аъзо, ё трансплантатсияи бофтаҳои баданро ба тасвиб расонид.

Ҷумъабой Сангинов, муаллифи қонуни мазбур дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷамъияти кишвар ба ҳамин қонун ниёз доштааст. Зеро ба иттилоъи оқои Сангинов, ҳамакнун беш аз 5.000 мариз ба васли аъзои сиҳҳат ниёз дорад. Гуфта мешавад, дар кишваре, ки сатҳи зиндагонии мардум паст аст, на ҳама аз ин беморон имкон доранд, ки аз донорҳои хориҷӣ аъзои бадан ва бофтаҳоро харидорӣ ва васл намоянд.

Ва аммо баррасии қонуни нав дар миёни мардум вокуниши зиду нақиз ба бор овард. Бархе аз сокинони кишвар мегӯянд, қонуни мазбур имкон дорад, ки аҳолии камбизоатро ба масал ба манбаъи ашёи хоми аъзои бадан табдил диҳад.

Нуриддин Ғиёсиддинов, сокини Кӯлоб мегӯяд, бархе аз қонунҳое, ки дар порлумони кишвар қабул мешаванд, ба дарди мардуми оддӣ намехӯранд.

Ва аммо ҷонибдорони қонун дар бораи фурӯши аъзои бадан мегӯянд, ки ба расмият даровардани трансплантатсияи ихтиёрии узвҳои тан аз қавоидест, ки ҷамъият ба он ниёз доштааст.

Ҷумъабой Сангинов мегӯяд, қонун дар бораи пайванди аъзо ва фурӯши ихтиёрии увзҳои бадан бандҳоеро фарогир аст, ки аз қочоқи пайвандҳои тан ва харидуфурӯши ғайриқонунии узвҳо ҷилавгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG