Пайвандҳои дастрасӣ

Сабабҳои бероҳагии духтарони наврас


«Дар кӯча сарсону саргардон мегардем. Рӯзе мешавад, ки дар паскӯчаҳову подйездҳо шабамонро рӯз мекунем, ки боз саҳар биёем»

«Очаам мегӯяд, ҳар хеле ки метавонӣ кор кун ва пул ёб ва ман намедонам зиндагии ояндаи ман чӣ мешавад. »


Агарчӣ бархе аз ин духтаронро сахтии зиндагӣ ҷониби хиёбон кашида бошад, қисмати дигарро майзадагии волидайн ва лату кӯби бародарон дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр сарсону саргардон кардаву ба сӯи бероҳагардӣ бурдааст.

Тибқи омори раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе, танҳо дар соли гузашта аз ҷониби онҳо беш аз ҳазор духтари танфурӯш ба қайд гирифта шудааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сардори маркази матбуотии ҳамин раёсат мегӯяд, дар аксар маворид бинобар фақирии хонавода эҳтиёҷоти фарзандон қонеъ намешаванд ва ин духтарон дунболи орзую ҳаваси зиндагии беҳтар мераванд, бехабар аз он ки чунин ҳаёт мушкилоти зиёдро пешорӯи онҳо хоҳад овард. Садриддин Ҷалолов мегӯяд, агарчи аз ҷониби раёсати умури дохила барои дастгир кардани духтарони хиёбонӣ ва танфурӯш пайваста амалиёт гузаронида мешавад, аммо шумори онҳо бо суръат меафзояд.

«Имрӯз дар қонунгузории Тоҷикистон моддае нест, занону духтаронро барои ин амали ношоистаашон ҷазо пешбинӣ карда бошад. Ва ҷазо танҳо нисбати он шахсоне пешнбинӣ шудааст, ки манзилҳои худро ба фоҳишахона табдил додаанд.»

Ба гуфтаи Ҷалолиддин Садриддинов, бархе аз чунин духтарон ҳатто ба ҷиноятҳои вазнин низ даст мезаннад. Барои мисол, чанде қабл ду нафар аз онҳо барои куштори нигаҳобони яке аз бонкҳои кишвар айбдор дониста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, созмони ҷамъиятии «Аврора» як лоиҳаи санҷишии худро бо номи «Зиндагӣ бидуни хатар» раҳандозӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир, ин барнома наздик ба 25 духтари ноболиғро фаро гирифтааст. Тибқи ин барнома ба духтарон касбҳои мухталиф омӯзонида мешавад ва пас аз ним сол бо кӯмаки ҳукамати ноҳияи Сино онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, Сабоҳат Олимова, сарвари маркази «Аврора» мегӯяд, кор кардан бо чунин духтарон мушкил аст. Чун эътимоди онҳо нисбати дигарон камтар шудааст ва онҳо ба ҳама чиз бо шубҳа менигаранд:

«Ин ҳодисаҳои зиндагӣ дар зеҳн ва рафтори онҳо хоҳу нохоҳ таъсир худро мегузорад. Масалан ман аз ҳаёти як чунин духтар ба шумо нақл мекунам. Ӯро модараш дар синни 13 солагӣ ба як марде мефурӯшад ва ин мард ин духтари ноболиғро мавриди таҷовузи гурӯҳӣ қарор медиҳад. Пас аз ин ӯ ба хонаашон бармегардад, аммо дар зери фишор ва латӯ кӯби бародаронаш қарор гирифта ба кӯча фирор мекунад. Инак 4 сол мешавад, ки ӯ танфурӯшӣ мекунад. Ӯ имрӯз ҳамагӣ 17 сол дорад вале зиндагӣ ӯро чунон шикастааст, ки зани миёнсолро мемонад. Мо бояд ана ҳамин гуна духтаронро дастгирӣ кунем, то ин ки онҳо дар зиндагӣ интихоб дошта бошанд.»

Хонум Сабоҳат мегӯяд, кӯдаконе, ки дар муҳити фақру нодорӣ ба воя мерасанд, аксар вақт даст ба ҷиноят мезананд. Зеро ҳангоме, ки онҳо зиндагии беҳтари атрофиёнро мебинанд, дар онҳо низ хоҳиши доштани молу сарват пайдо мешавад. Ва дар ин ҳолат онҳо на ба волидайн балки ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша муроҷиат мекунанд. Аммо Сабоҳат Олимова меафзояд, дар бероҳагард шудани духтарон натанҳо вазъи ногувори иқтисодӣ айбдор аст, балки костагии маънавиёти онҳо низ:

«Ҳангоме, ки ман ба хонаҳои чунин духтарон меравам, дар манзили зисти онҳо ягон китобро намебинам. Ва ин гувоҳи он аст, ки падару модари онҳо ҳаргиз дар назди худ мақсад нагузоштаанд, ки ба фарзандашон дониши комил бидиҳанд.»

Сабоҳат Олимова гуфт, боиси хурсандист, ки бархе аз духтарони ба барнома фаро гирифта шуда , барои касбомӯзӣ дигар ҳамрҳоони худро низ ҷалб мекунанд. Хонум Олимова афзуд, агар аз миёни ин духтарон ҳатто 10 нафарашон ба ҳаёти солим баргарданд, ин натиҷае хубе хоҳад буд ва метавон гуфт, ки ин барнома ояндадор аст.
XS
SM
MD
LG