Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австралия ҳузури низомии худро дар Афғонистон тақвият додан мехоҳад


Вазири дифои Австралия гуфт, ки кишвар дар фикри афзоиш додани шумори нирӯҳояш дар Афғонистон мебошад.


Вазири дифоъ Брендан Нелсон гуфт, ки гурӯҳи мақомоти низомии Австралия ба минтақаи Урузгони Афғонистон барои омӯзиши эҳтиёҷоти нирӯҳои Австралия барои афзоиш додани ҳайати онҳо сафар хоҳанд кард. Нелсон гуфт, ки вай аз ошӯбҳои баҳории Толибон изҳори нигаронӣ мекунад.


Феълан дар Афғонистон 500 сарбози австралиягӣ адои хизмат мекунанд. Шумори кулли нирӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии НАТО дар Афғонистон 33000 нафарро ташкил медиҳанд, ки аксари онҳо сарбозони амрикоӣ ҳастанд.


Дар ҳамин ҳол, сухангӯи нирӯҳои таҳти раҳбарии НАТО дар Афғонистон гуфт, ки размандагони Толибон феълан дар ҳадди аққал панҷ вилояти ҷанубиву ҷанубу ғарби Афғонистон тамаркуз ёфтаанд. Вай гуфт, ки Толибон ният доранд, ҳамлаҳои худро афзоиш диҳанд.


Сарҳанг Том Коллинз гуфт, НАТО таъйид намуд, ки ҷангандаҳои Толибон дар як макони воҳид, яъне вилоёти Ҳилманд, Фараҳ, Урузгон, Қандаҳор ва Ғур тамаркуз ёфтаанд. Ӯ афзуд, ки НАТО амалиёти низомиашро дар макони барномаҳои барқарорсозӣ, ки метавонанд мавриди ҳамлаи толибон қарор гиранд, идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG