Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати қонуни авф анҷом ёфт. Ҳафт ҳазор маҳбус озод шуданд.


Бар асоси қонуни афви Тоҷикистон, аз соли 2006 ҳудуди 7000 ҳазор нафар аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд.


Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия гуфтааст, дар ин миён қариб 300 нафар занҳо, 21 ноболиғ, 55 маълул ва 126 шаҳрванди хориҷӣ будаанд.


Ба гуфтаи манбаъ, то эъломи афв дар зиндонҳои Тоҷикистон наздики 12 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешуд, аммо ҳоло дар ин муассисаҳо ҳаштуним ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд.


Афви ахири зиндониён соли 2001 эълом шуда буд, он вақт қариб 10 ҳазор маҳбус раҳо шуда буданд. Дар маҷмӯъ, сар аз соли 1993 дар Тоҷикистон 10 маротиба афви маҳбусон эълом шудааст.
XS
SM
MD
LG