Пайвандҳои дастрасӣ

Қурби доллар ба саррофиҳо вобастааст?


Тибқи иттилои Бонки Миллӣ дар кишвар имрӯз 953 маркази табодули асъор фаъолият мекунад, ки аксари онҳо тобеъи бонкҳои тиҷоратӣ буда, танҳо 132 нуқтаи саррофӣ мутааллиқи шахсони алоҳидаанд. Ва боло ё поёнравии асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар кишвар аз фаъолияти нуқтаҳои саррофӣ низ сахт бастагӣ дорад

Раҳматшоҳ Додихудоев, сухангӯи Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи низомномаи бонкӣ нуқтаҳои саррофӣ бояд пайваста зери санҷишу назорати масъулин, ба вижа БМ қарор гиранд. Дар акси ҳол, ин нуқтаҳо, ки бо ҳам робитаи зич доранд, метавонанд, дар ҳамҷоягӣ бе ягон сабаб қурбро ба манфиати худ тағйир диҳанд. Раҳматшоҳ Додхудоев дар ин маврид бенизомии рӯзҳои ахири бозори асъори кишварро мисол оварда иллати онро дар худсарии саррофон тарҷеҳ медиҳад.

Тибқи низомномаи бонкӣ, бонкҳои тиҷоратӣ бояд дар 3 рӯз як маротиба қурби асъорро барои марказҳои табодули зеритоати худ муайян намоянд. Вале дар ҳолати зарурӣ бо амри ин бонкҳо дар як рӯз ду маротиба ҳам қурби асъор метавонад тағйир ёбад. Аммо дар мавриди нуқтаҳои саррофии хусусӣ ӯ афзуд:

«Бонки миллӣ ба нуқтаҳои саррофии шахсони воқеӣ тавсифнома ва гувоҳнома барои фаъолият медиҳад, аммо гувоҳнома ва шаҳодатномаро барои нуқтаҳои саррофии бонкҳои тиҷоратӣ худи бонкҳо медиҳанд. Ва онҳо вазифадоранд, ки фаъолияти онҳоро назорат кунанд, вале нуқтаҳои саррофии шахсони воқеиро назорат карда наметавонанд, онҳоро роҳбаронашон назорат мекунанд ва қурбро ҳам муайян мекунанд. Фаъолияти онҳоро Бонки миллӣ месанҷад.»

Дар ҳамин ҳол, корманди яке аз нуқтаҳои саррофии маркази шаҳр мегӯяд, ҳарчанд маркази онҳо хусусӣ аст, аммо аксаран тасмиму назоратҳои БМ бар фаъолияти онҳо бетаьсир намемонад.

«Баъзан мо долларро қиммат мехарем, баъд яку якбора ба мо хабар мерасонанд, ки бояд қурби доллар фароварда шавад ва мо маҷбурем, ки долларро бо нархи худаш ё арзонтар ба мизоҷон фурӯшем. Чӣ қароре, ки онҳо мебароранд, мо бояд мувофиқи он амал кунем.»

Феълан, қурби асъор дар нуқтаҳои саррофии кишвар чунин аст:

Сад доллари амрикоӣ ба 343 ва баҳои фурӯшаш ба 345 сомонӣ баробар аст. Як евро, воҳиди пулии Аврупо дар саррофиҳо ба маблағи чаҳор сомонию 44 дирам харидорӣ ва бар ивази 4 сомону 46 дирам фурӯхта мешавад. Баҳои 100 рубли русӣ ба 10 сомону 28 дирам ва баҳои фурӯшаш ба 10 сомону 29 дирам мерасад.
XS
SM
MD
LG