Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи муҳоҷирини кории тоҷик аз Қазоқистон


Алмаато. Дар устони Актубаи Қазоқистон 92 тан муҳочири кории тоҷик, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар ҳоли азимат ба Русия буданд, боздошт ва ба Тоҷикистон ихроҷ гардиданд. Ба гуфтаи Элвира Шолкушкорова сухангуи идораи пулиси нақлиёти қисмати ғарби ин кишвар ағлаби ин муҳоҷирони корӣ бо қатори Тошканд -Уфа барои кор озими устони Оренбурги Русия буданд. Онҳо дар вогунҳои гуногуни ин қатор тайи рӯзҳои 15 то 18 феврал боздошт гадидаанд.

Ҳангоми тафтиш рӯшан шудааст, ки муҳоҷирони тоҷик ҳуҷҷатҳои таъйидкунандаи убури марзи Қазоқистон надоштаанд. Ҳамчунин бо иттиҳоми даст доштан дар созмондиҳии ҳаракати ғайриқонунии тронзитӣ аз тариқи Қазоқистон чаҳор мусофирбарони ин қатор - шаҳрвандони ҷумҳурии Узбакистон низ боздошт гардидаанд.
Умумуан, тайи як ҳафтаи ахире, ки амалиёти вижаи ҳифзи тартибот дар Қазоқистон идома дорад, дар устони Актуба ҳафт ҷинояти марбут ба убури ғайриқонунии муҳоҷирон ошкор гардидааст, ки се тои онро дар ин қатор маъмурони вогун ё мусофирбарони узбак созмон додаанд.



Мусофирбарон тибқи қарордоди қаблӣ барои то ба Русия расонидани муҳоҷирони кории тоҷик аз ҳар яки онон 500 -1000 рубли русӣ гирифтаанд. Ин нуктаро кормандони пулис ҳангоми бозҷӯӣ рӯшан кардаанд.
Ба гуфтаи Элвира Шолкушкорова дар робита ба ин руйдод парвандаи ҷиноӣ боз гардида, чаҳор мусофирбари узбак ба боздоштгоҳи муваққатии идораи пулиси нақлиёти қисмати ғарб ҷой дода шудаанд. Муҳоҷирони тоҷик ба ватанашон ихроҷ гардидаанд.




Лозим ба зикр аст,ки аз оғози соли равон ин бори панҷум аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик ҳангоми сафар ба Русия дар қаламрави Қазоқистон боздошт мегарданд. Ағлаби ин муҳочирон дубора ба Тоҷикистон ихроҷ карда шудаанд ва нисбати бархеи дигар парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
XS
SM
MD
LG