Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти дигарандеши туркман дар Булғористон


УХ

Полиси Булғористон як дигарандеши туркманро боздошт кардааст. Тибқи иттилои мақомот ӯ метавонад ба ватан истирдод шавад. Аннадурдӣ Ҳоҷиев узви аршади ҳизби "Ватан" аст, ки дар хориҷа ба сар мебарад. Полис гуфт, ки ӯ рӯзи душанбе дар соҳили Варнаи баҳри Сиёҳ бар асоси иттилоъи Интерпол боздошт шуд. Пуштибонони Ҳоҷиев гуфтанд, ки боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта озодшавии фаврии ӯро тақозо карданд. Ҳизби "Ватан" дар як изҳороте навиштааст, ки аъзои хонаводаи Ҳоҷиев дар Туркманистон пайваста таъқиб мешавад. Хоҳари Ҳоҷиев хабарнигори радиои Озодӣ Ӯғулсафар Муродова дар зиндони Туркманистон соли 2006 баъди як мурофиаи ба қавли гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ноодилона даргузашт. "Ватан" мақомоти Булғористонро дар он муттаҳам кард, ки бо яке аз диктотуриҳои саркӯбкунандаи ҷаҳон амдан ҳамкорӣ мекунад. Ин гурӯҳ аз Иттиҳоди Аврупо тақозо кардааст, ки болои узви нави худ Булғористон фишор оварда ба чунин, ба қавли "Ватан" , беқонунӣ хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG